Loading...
АСОСӢ
Шуъбаи тарбия ва фарҳанг

 Диданд: 1

Шуъбаи тарбия ва фарҳанг

Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 139,
Тел.: (+992) 918-86-36-59, e-mail: tarbia@tajmedun.tj
Мудири шуъбаи тарбия ва фарҳанг  Расулов Сунатулло Неъматуллоевич

 

Шуъбаи тарбия ва фарҳанг ҳамчун сохтори ҳамоҳангсоз фаъолияти Шӯрои кор бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ: Шуъбаи кор бо ҷавонон, Шӯрои занон ва духтарон, Шӯрои кураторони назди факултетҳо, Шӯрои волидайн, Шӯрои донишҷӯёни хобгоҳҳоро ҳамоҳанг сохта, самарабахшии фаъолияти онҳоро дар вусъати корҳои тарбиявӣ таъмин менамояд. Мақсади асосии шуъба ташаккули инсони комил, тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, ифодагари симои зеҳнию маънавӣ, фикру ҷисму рӯҳи солим, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, риоягари қонунҳо, ҳуқуқу, озодиҳо, заҳматписанду зебопараст, сарфаю сариштакор, бо таҳаммулу тоқатпазир, масъулиятшиносу фаъол, созандаю эҷодкор ва гиромӣ доштани таърих ва мероси фарҳанги ниёгон, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ иборат мебошад.

                                      ВАЗИФАҲОИ ШУЪБА

  • Ташкил намудани сохторҳои ибтидоии тарбиявӣ, мусоидат ба фаъолияти судманди онҳо;
  • Муайян сохтани самтҳои асосии фаъолияти тарбиявӣ дар донишгоҳ;
  • Назорати иҷрои ҳуҷҷату асноди меъёрӣ-ҳуқуқии самти тарбия ва фарҳангро дар сохторҳои донишгоҳ;
  • Назорати татбиқ ва амалишавии унсурҳои Консепсияи миллии тарбияи ҶТ дар донишгоҳ, ба танзим даровардани мазмун ва мундариҷаи корҳои тарбиявӣ дар кафедраҳо ва факултетҳои донишгоҳ;
  • Назорати иҷрои қарорҳои Шӯрои олимон, ки ба масоили тарбия вобастагӣ доранд;
  • Назорат ва саҳмгузорӣ дар таҳия ва амалисозии нақшаву барномаҳои тарбиявӣ-фарҳангии донишгоҳ ва зерсохторҳои он;
  • Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ, сиёсию маърифатӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ва ғайра, ки дар рушди ҳисси худшиносию ифтихори миллии донишҷӯён мусоидат менамоянд.
  • Таҳияи лоиҳаҳои фармоишҳои ректор     ва қарорҳои Шӯрои олимон, ки ба фаъолияти тарбиявӣ алоқаманд мебошанд;
  • Таҳти назорат қарор додани фаъолияти кории муовинони деканҳо дар самти тарбия;
  • Назорат ва натиxагирии иxрои реxаи соатҳои тарбиявӣ ва манзур намудани маълумот ба муовини ректор оид ба корҳои тарбия ва фарҳанг;
  • Ба ҳуҷҷатҳои воридотӣ, ки ба корҳои тарбиявӣ алоқамандӣ доранд, мактуби ҷавобӣ омода намудан;
  • Ба роҳ мемондани тарғиби фаъолияти донишгоҳ тавассути ВАО;