Loading...
АСОСӢ
Шуъбаи илм ва инноватсия

 Диданд: 1

Шуъбаи илм ва инноватсия

Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 139,
Тел.: (+992) 44 600-36-30, (+992) 44 600 -36-31, e-mail: science@tajmedun.tj
Сардори шуъбаи илм ва инноватсия д.и.т. Усмонова Гулнора Муқимовна
       Шӯъбаи илм ва инноватсия (минбаъд шӯъба) сохтори мустақили таркибии ДДТТ ба номи Абӯалӣи ибни Сино ба ҳисоб меравад.

    Фаъолияти шӯъба мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бори илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника” ва “Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ”, санадҳои меъёрию ҳуқуқии АИ ҶТ, АИТ ВТ ва ҲИА ҶТ, Низомномаи намунавӣ “Дар бораи донишгоҳҳои олӣ”, қарорҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ,  Оинномаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, фармону супоришҳои  ректори  Донишгоҳ ва Низомномаи  шуъба фаъолият менамояд.
     Шӯъба ба фаъолияти илмӣ, ташкили корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, тайёр намудани кадрҳои илмӣ, фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ, комиссияҳои проблемавии байникафедравӣ, бахши инноватсионӣ роҳбарӣ менамояд.


СОХТОРИ  ШУЪБАИ  ИЛМ ВА ИННОАВТСИЯ


Мақсад ва вазифаҳои асосии шӯъба

1. Таҳия ба таҳрези лоиҳаҳо, барномаҳо:
- роҳнамоӣ ва корҳои ташкили – иттилоотӣ барои ба нақшагирӣ ва амали намудани лоиҳаҳои илми – тадқиқотӣ дар сохторҳои Донишгоҳ;
- ташкил ва баргузории чорабиниҳои илмӣ, семинарҳо доир ба талаботҳои илми – тадқиқотии рисолаҳо, барномаҳо ва лоиҳаҳои илмӣ;
- ташкили бақайдгирии лоиҳаҳои дар сохторҳои давлатӣ, пешниҳоди лоиҳаҳои илмӣ барои гузаронидани экспертиза;
- ба роҳ мондани хамкорӣ бо муассисаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар дар самти корҳои илми – тадқиқотӣ, амалӣ намудани лоиҳаҳои илмии муштарак;
- рушди корҳои илми – тадқиқотӣ хусусияти фундаменталӣ ва инноватсиони дошта дар Донишгоҳ;
- таъмини иттилоот оид ба озмунҳо, чорабиниҳо, олимпиадаҳо, грантҳои муассисаҳои давлатӣ ва хориҷи кишвар вобаста ба лоиҳаҳои илми – тадқиқотӣ;
2. тайёр намудани кадрҳои илмӣ, илми – педагогии баландихтисос:
- таҳияи нақшаи қабул ва хатми аспирантура ва доктарантура ва назорати иҷроиши он;
- фароҳам овардани шароити мусоид баҳри корҳои илми – тадқиқотии аспирантон, унвонҷӯён ва доктарантон, таъмин бо иттилоот ва ташкили чорабиниҳои илмӣ, амалӣ дар Донишгоҳ ва хориҷи кишвар;
- назорати иҷрои шинақшаҳои инфиродии аспирантон, унвонҷӯён ва докторантон;
- гузаронидани аттестатсия, имтиҳонҳои минимумӣ барои аспирантон, унвонҷӯён ва доктарантон;
- таъмини корҳои бақайдгирӣ, нигоҳдоштан ва ҳуҷҷатгузории парвандаҳои шахсӣ ва дигарҳуҷҷатҳои аспирантон, унвонҷӯён ва доктарантон;
3. амалӣ намудани ҷараёни илмӣ:
- назорат ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти комиссияҳои проблемавӣ, шӯрои диссертататсионӣ, ҷамъияти ихтироъкорон, ҷамъияти олимони ҷавон ва донишҷӯён, инчунин таҳлили ҳисобот ва муайян намудани самти афзалияти ҳамаи зерсохторҳои шӯъба;
- алоқаманд намудани корҳои илмӣ бо таълимиву муолиҷавии Донишгоҳ, татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ дар раванди таълим ва табобат;
- ҷамъоварӣ ва таҳлили натиҷаҳои корҳои илми – тадқиқотии Донишгоҳ, пешниҳоди ҳисобот оид ба фаъолияти илмии Донишгоҳ ба муассисаҳои роҳбарикунанда, ҳисобот оид ба иҷроиши барномаҳои давлатӣ вобаста ба илм, тайёр намудани кадрҳои илмӣ, ҳисобот оид ба татбиқи натиҷаҳои корҳои татқиқотӣ дар тибби амалӣ, ҳисобот оид ба фаъолияти шӯроҳо, комиссияҳо, ҷамъиятҳои шӯъба;
- омода ва таҳия намудани нақшаи корӣ, дурнамои рушд оид ба фаъолияти илмии Донишгоҳ;
- ба қайдгирии дастовардҳои илмии Донишгоҳ, натиҷаҳои лоиҳаҳои илми – тадқиқотӣ, татбиқи дастовардҳои илмӣ дар тибби амалӣ;
- ҷоннок намудани фаъолияти ҷамъияти илмии донишҷӯён, дастгирии донишҷӯёни болаёқат ва фаъоле, ки бо корҳои илмӣ машғуланд ва пешниҳод намудани довталабони арзанда ба аспирантура аз ҳисоби хатмкунандагон;
4. фаъолияти нашрӣ:
- таъмини нашри маводҳои илмии олимон, олимони ҷавон ва донишҷӯён дар маҷалаҳои илми – амалии донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар;
- таҳлил, мутобиқаткунонии мақолаҳои илмӣ ба талаботҳои ҷойдоштаи маҷалла, таъин намудани тақризгар ба мақолаҳои илмӣ;
5. мунтазам баргузор намудани комиссияҳои проблемавии байникафедравӣ.