Loading...
АСОСӢ
Шуъбаи таълим

 Диданд: 1

Шуъбаи таълим

Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 139,
Тел.: (+992) 44 600-36-23, (+992)  44 600 -36-42, e-mail: talim@tajmedun.tj
Сардори шуъбаи таълим д.и.т. Хоҷаева Нигина Муродовна

  Шуъбаи таълим ҷузъи асосии донишгоҳ буда,  идоракунандаю ҳамоҳангсозандаи раванди таълим ва кори таълимӣ – методӣ мебошад.
      Шуъбаи таълим дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва фармонҳои  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону супоришҳои  ректори  Донишгоҳ, қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ ва Низомномаи  шуъба фаъолият менамояд.
     Шуъбаи таълим аз соли 1939, аз таъсис ёфтани  донишкадаи давлатии тиббии Сталинобод  ташкил ёфта, фаъолият менамояд. Дар тӯли фаъолияти шуъба  роҳбари   шуъбаро  Сиповский П.В., Ильин В.С.,  Ясвоин Г.В., Гулкевич  Ю.В., Раҳимов  Я.А., Ахмедов  К. Ю., Собиров С.С., Сабурова  А.М.,  Достиев А. Р.,  Хоҷаева Н.М.,  Ахмедов  Ҷ. А., Носиров А.Н. ба ӯҳда доштанд. Айни замон шуъбаи таълимро д.и.т. Хоҷаева Н.М. роҳбарӣ мекунанд.
     Дар назди  шуъбаи таълим бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.02.2007, №330 бахши  назорати сифати  таҳсилот  таъсис дода  шудааст.  Минбаъд,  дар асоси бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.07.2010, №770 гурӯҳи сифати таҳсилот  ба гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот табдил дода шудааст, ки фаъолияти  он барои дарёфт  ва  амалисозии роҳҳои баланд  бардоштани сатҳу сифати таълим  дар Донишгоҳ равона карда шудааст.
      Усулҳои асосии  таълим дар донишгоҳ ин лексияҳо – бо истифода аз аудио-видео дастгоҳҳо, намоиши беморон ва дар 5 соли охир бо истифодаи технологияи  муосири компютерӣ ва мултимедӣ, машғулияти амалӣ, семинарӣ, лабораторӣ, вазифаҳои санҷишӣ, машғулиятҳо дар синфхонаҳои компютерӣ, гузаронидани экспериментҳо дар ҳайвонот дар озмоишгоҳҳо ва ОМИТ, машғулиятҳо дар назди бистари беморон, дар фантомҳо, бо ашёҳои аёнии тиббӣ мебошад.


СОХТОРИ  ШУЪБАИ  ТАЪЛИМ

 

САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ШУЪБАИ ТАЪЛИМ

  •  Ташкил  ва  идора  кардани  ҷараёни таълим  ва фаъолияти  таълимию методии  донишгоҳ  баҳри  тадбиқи  барномаҳои таълимии асосӣ  ва  иловагӣ вобаста  ба литсензияи давлатӣ.
  •  Назорати иҷроиши талаботҳои  литсензионӣ  ва аккредидатсионӣ  оид  ба тадбиқи барномаҳои таълимӣ.
  •  Ташкил ва ҳамоҳангсозии  сохторҳои  донишгоҳ  дар асоси стандартҳои  давлатӣ   ҳангоми  таҳияи  ҳуҷҷатҳои  асосии  таълимии донишгоҳ: барномаҳои  таълимии касбӣ, нақшаҳои  кории  таълимӣ  ва ҷадвали раванди  таълим.
  •  Таҳлил, ҷамъоварии  маълумотҳо  ва омода  сохтани қарорҳои  раёсат  оид ба идоракунии  раванди таълим.
  •  Таҳлили  фаъолияти таълимӣ  ва таълими методии сохторҳои донишгоҳ ва ҳамоҳангсозии  фаъолияти онҳо барои ҳалли  проблемаҳои умумӣ.
  • Ташкил ва ба нақшагирии методии ҷараёни таълим  барои  таъмин  бо сифат тайёр  намудани  мутахассисон ва фароҳам овардани шароити мувофиқи таълимӣ.
  • Назорат ва ҷамъовари  маълумот  оид ба сифати раванди таълим аз рӯи ҳама намудҳои таълим ва тайёр намудани мутахассисони  баландихтисос.
  •  Муккамалгардонии доимии  ҳуҷҷатҳои меъёрию методии таълимӣ.
  •  Самаранок истифода бурдани масоҳати таълимии донишгоҳ.
  • Нигоҳ доштан ва ба низом  даровардани  парвандаҳои  шахсии донишҷӯён ва ташкили  ҳуҷҷатгузории  хатмкунандагони  донишгоҳ.
  •   Ташкили раванди таълим аз рӯи низоми кредитӣ.