Loading...
АСОСӢ
Суруди ДДТТ

Диданд: 2107

Суруди ДДТТ

ГИМН ТГМУ

Суруди Донишгоҳ

Шеъри Ворис Оҳанги Э. Файзов

Ба ҳаққи иззати Ватан,
Ба ҳаққи меҳри мову ман.
Ба ҳаққи номи Бўалӣ,
Давои мо давои тан.

Ба обу хоки мо нигар,
Ба дасти поки мо нигар .
Миёни маргу зиндагӣ,
Ба қалби чоки мо нигар…

Даво кунем, даво туро,
Зи дарду ғам раҳо туро.

Бубин, ки хилъати сафед,
Ҳамеша мо ба бар кунем.
Чи дардҳо даво шавад,
Агар, ки мо назар кунем.

Ба обу хоки мо нигар,
Ба дасти поки мо нигар .
Миёни маргу зиндагӣ,
Ба қалби чоки мо нигар…

Даво кунем, даво туро,
Зи дарду ғам раҳо туро.

Саломатии одамон,
Барои мо саодат аст.
Нишоту хандаи лабон,
Барои мо ибодат аст.

Ба обу хоки мо нигар,
Ба дасти поки мо нигар .
Миёни маргу зиндагӣ,
Ба қалби чоки мо нигар…

Даво кунем, даво туро,
Зи дарду ғам раҳо туро.