Loading...
АСОСӢ
Рамзи ДДТТ

Диданд: 302

Рамзи ДДТТ

РАМЗИ ДДТТ, нишони расмии донишгоҳ. Тибқи қарори Шӯрои олимон аз 30 июли 2008 (№ 7) қабул карда шудааст. Дорои Шаҳодатномаи нишони молӣ (N TJ 7876) буда, дар Реестери давлатии нишонҳои молӣ ва хизматрасонии ҶТ аз 19 феврали соли 2009 ба қайд гирифта шудааст. Рамз аз ду хати даврашакл, ду мори бо ҳам печида, қадаҳ ва китоби кушода иборат аст. Нисфи доира ранги кабуд ва нисфи дигар ранги сафед дорад. Дар даруни давраҳо номи муассиса - Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ навишта шудааст. Морҳои печида рамзи саломатию офият ва дар зиндагӣ мубориз буданро ифода менамоянд; китоби кушода маҳзани илму дониш ва маърифат аст; қадаҳ дар тиб нишони хиради инсоонист, ки роҳи ростро бозгуи менамояд. Фикру ғояи рамз ба профессор У. А. Курбонов ва ороиши компютерӣ ба А. Ф. Гулов тааллуқ дорад.