Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Вохӯрӣ дар мавзӯи « Ифротгароӣ ва хатарҳои он ба ҷомеа»

Вохӯрӣ дар мавзӯи « Ифротгароӣ ва хатарҳои он ба ҷомеа»

2018-04-14 /  Автор:Editor /  Диданд:57

Вохӯрӣ санаи 05-уми апрели соли 2018 дар  кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб  бо донишҷӯёни курси 2-юми гуруҳи 45 кураторӣ барпо гардид.
Ассистенти масъул оид ба корҳои тарбиявӣ дар кафедра Шарифзода Ф.Ҷ., вохӯриро кушода, сараввал донишҷӯёнро бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» (Конуни ЧТ аз 28.06.2011 № 716) Моддаи 1.-Мақсади сиёсати давлатии ҷавонон, Моддаи 3.- Мақсад ва принсипҳои сиёсати давлатии ҷавонон: мусоидат  ба  инкишофи  маънавӣ,  фарҳангӣ, иҷтимоию  ҷисмонии ҷавонон;
     - ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон;
     -  муҳайё сохтани шароит барои мустақилона ва бо  ҳисси  масъулият ширкат кардани ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ; 
      -  пешгирии ҳодисаҳои номатлуби  иҷтимоӣ, нашъамандӣ,  майзадагӣ, экстермизм  ва  терроризм дар байни ҷавонон (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 716);  шинос намуд.  Инчунин  ассистенти масъул оид ба корҳои тарбиявӣ дар кафедра  Шарифзода Ф. Ҷ. донишҷӯёнро ба Ватандӯстӣ , оштинопазирӣ бо ақидаҳои  ифротию  террористӣ ва экстремистӣ даъват намуд. 
Дар фароварди вохӯрӣ донишҷӯён фикру ақидаҳои худро дар бораи ифротгароӣ  ва хатарҳои он ба ҷомеа баён намуданд ва шеърҳои аз худкардаи шоиронро  оиди ватандӯстӣ қироат намуданд.
 
Кафедраи  нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ 
ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб