Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Фитнаҷӯён чӣ мехоҳанд?

Фитнаҷӯён чӣ мехоҳанд?

2018-02-14 /  Автор:Editor /  Диданд:368


Чи хеле ки маълум аст, 7 феврал порлумони кишвар бо аксари овозҳо синни ҳадди аққали номзадҳо ба президентии мамлакатро аз 35 сол то 30 поин фуровард. Ин амал воқеан бо мақсади ба ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавонони мамлакат роҳандозӣ гардидааст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту вохӯриҳои худ пайваста иброз медоранд, ки ояндаи ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо дар дасти ҷавонони ҳушманду соҳибхирад ва худшиносу ватандӯст аст ва ҳамеша тақозо менамоянд, ки ҷавонони тоҷик бояд вақти пурқимати худро беҳуда сарф накарда, бо умеди фардои фирӯзашон аз пайи илмомӯзӣ ва аз худ кардани касбу ҳунар бошанд. 
Иқдомҳои ҳукумат дар бобати ҳарчи бештар ба корҳои роҳбарӣ ҷалб намудани ҷавонон низ аз касе пӯшида нест. Имрӯз қариб дар тамоми сохторҳои ҳукуматӣ ҷавонони соҳибистеъдоду ватандӯст сари кор омадаанд, ки ин боиси хушҳолист. Вале ин амали некро баъзе нотавонбинон бо чашми ҳасад нигариста, ба таври худ маънидод мекунанд. Аз ҷумла, дар сомонаи «akhbor.com» мақолае таҳти унвони «Роҳи Рустами Эмомалӣ ба президентӣ боз шуд» чоп гпрдидааст, ки аз он танҳо бӯи ғараз ва бадгӯию нотавонбинӣ ҳис мегардаду халос. Охир то интихоботи Президенти мамлакат ҳоло беш аз ду соли дигар боқӣ мондааст ва баъдан қонунро маълум, ки на барои як нафар, балки бо мақсади муайян намудани роҳи ояндаи стратегии сиёсии кишвар қабул мекунанд. 
Ҳамин тавр ки бошад муаллифони ин мақолаҳои пурғараз чӣ мехоҳанд? Танҳо вайрон кардани афкори умумии мардум ва нотинҷ гардонидани вазъи сиёсии ҷомеа! Онҳо фаромӯш кардаанд, ки халқи тоҷик як маротиба оқибати пурсӯзи  фитнаҷӯиҳои ин «ҳақталошон»-ро дар ҷисму ҷони хеш дидааст ва дуюмбора ин мардуми шарафмандро ба роҳгумӣ бурдан корест ношуданӣ.
Имрӯз мардуми тоҷик дар атрофи ҳукумати қонунии хеш муттаҳид гашта, бо  дили гарму дасти тавоно аз пайи корҳои ободонию созандагист ва боварӣ аст, ки дар ояндаи наздик кишвари тозаистиқлоли мо бо чунин суръати баланди созандагиҳо дар қатори давлатҳои мутараққии саноатӣ ҷойгузин хоҳад шуд.

Шуъбаи кор бо ҷавонон