Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Ҳазар, аз душманони дӯстнамо!

Ҳазар, аз душманони дӯстнамо!

2018-02-14 /  Автор:Editor /  Диданд:367


Дар сомонаи «akhbor.com» таҳти унвони «Ҷиҳод»-и «Ҳазрати Ризвон»-аз сууд то суқут»-ро мутолиа намуда, бешубҳа давраҳои пурдаҳшати ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба ибтидои соҳибистиқлолии Тоҷикистон рост омада буд, пеши назар меоянд. Дар ҳақиқат ин ҷанги нангин даҳшати гӯшношуниде буд, ки ба сари халқи тоҷик ногаҳонӣ омаду беш аз 150 ҳазор ҷавонони ноогоҳ ва кӯдакони бегуноҳро қурбон намуда, ҳазорҳо занону модаронро бе пушту паноҳ гардонд. Албатта ҳамаи ин бояд сабақи таърих гардад. Зеро чуноне, ки аз муҳтавои мақолаи дар боло номбаршуда бармеояд, як сабаби рух додани ҳодисаҳои нангин гӯш додан ба ҳарфҳои беасосу пояи Ризвон барин саркардаҳое буд, ки на аз таърих огаҳӣ доштанду на аслу насаби хеш.  Бисёриҳое, ки аз пайи ин даррандаи хунхор рафта буданд,бераҳмиҳои ӯро бо чашми худ дида, ба зудӣ аз роҳи пешгирифтаи худ пушаймон гаштанд, вале афсӯс, ки дигар роҳи бозгашт надоштанд. Зеро дигар аз «Ҳазрати Ризвон»- и оламу одамбехабар чораи халосӣ набуд ва ӯ ҳар каси аз сафаш беруншударо бераҳмона нобуд месохт. Бераҳмии ин «сарфармондеҳи артиши исломӣ » то ҳадде расида буд, ки гӯристонҳои «ободнамуда»-и ӯ боиси ташвиши ҷиддии сарлашкари машҳури Афғонистон, марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд гардид ва худи ин шахсияти бузург аввалин шуда, садди роҳи бедодгариҳои Ризвони хунхор гашт. Дар мақола аз забони шоҳидони ҳол мисолҳои зиёде оварда шудаанд, ки аз бераҳмиҳои ин дарандаи одамсурат гувоҳи дода ва ҳамчунин, исбот месозанд, ки дар сари ҳама ин бераҳмию саргумиҳо Ҳизби наҳзати исломӣ меистод.
 Албатта ба шарофати ҷонфидоиҳои фарзандони асили миллат ин нофаҳмиҳо бо мушкилӣ ҳам бошад паси сар гаштанд ва ба сарзамини мо сулҳу сафо, ваҳдату  ягонагӣ боз дуюмбора қадами неки худро гузошт. Имрӯз Тоҷикистон ба яке аз минтақаҳои амнтарини сайёра мубаддал гаштааст, вале набояд фаромӯш сохт, ки душманони халқу миллати тоҷик ҳоло ҳам ором нагирифтаанд ва онҳо аз ҳар гӯшаи дунё дар сурати «ҳомиёни дину демократия» овоз баланд карда, мардумро боз ба парокандагӣ ва нооромӣ кашиданӣ мешаванд. Таърих бояд сабақи ҷиддӣ гардад. Мо бояд аз гузаштаи на чандон дур ибрат гирифта, дӯстро аз душман ҷудо карда тавонем ва ба душманони дӯстнамо ҷавоби мувофиқу қотеона гардонида тавонем. Зеро агар равшантар нигоҳ кунем, «мубаллиғони имрӯзаи дину демократия» боқимондаи ҳамон саркардаҳоеанд, ки солҳои навадуми асри гузашта, як бор тирашон хок хурдаву акнун дар либоси дигар боз ниятҳои нопоки худро амлӣ кардан мехоҳанд. Алҳазар, аз чунин, мубаллиғону аз чунин «ҳомиёни дину оин»!

Раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино