Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Рӯҳбаландӣ аз Паём

Рӯҳбаландӣ аз Паём

2018-01-12 /  Автор:Editor2 /  Диданд:42

Рӯзи 12-уми январ бо иштироки коллективи омӯзгорон ва шунавандагони курси чормоҳаи Маркази омодагии қаблӣ Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифт. Тибқи супориши Сарвари давлат ҷиҳати диққати ҷиддӣ додан ба масъалаҳои забономӯзӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ як қатор тадбирҳо ба нақша гирифта шуданд.

Ба шунавандагон фаҳмонда шуд, ки дар оянда дар қатори дигар ихтисосҳо дар ҷумҳурии азизамон соҳаи фарматсия низ инкишоф меёбад. Барои дорусози хуб шудан, махсусан донистани фанҳои химия, биология ва математика муҳим мебошанд.

Мазмун ва мӯҳтавои Паём бори дигар ба ҳозирин фаҳмонда дода шуда, таваҷҷуҳи онҳо ба самтҳои мухталифи дар Паём зикргардида равона карда шуд.

 Маркази омодагии қаблӣ