Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Баррасии Паём дар хобгоҳи №5

Баррасии Паём дар хобгоҳи №5

2018-01-12 /  Автор:Admin /  Диданд:62

Санаи  8 январи соли 2018  муовинони декани факултети тиббӣ оиди тарбия, донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда ва донишҷӯёни фаъоли иштирокчии   вохӯрии  назди  Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат  дар Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси Намояндагони ҶТ  дар хобгоҳи № 5 бо донишҷӯён оиди баррасии Паёми Президенти кишвар сӯҳбат оростанд. Дар вохурӣ донишҷӯён аз таассуроти хеш ба ҳозирин чунин иброз доштанд,ки Сарвари муаззами кишвар аз ҷавонон умеди калон доранд.

Сӯҳбатро бо баромади худ муовини декани факултети тиббӣ оиди тарбия Бурҳонова З.У. идома дода, дар бораи диққати калон додани Пешвои миллат ба сатҳу сифати таълим ва омодасозии мутахассисони соҳаи тиб, дорусозӣ ва омӯзиши забонҳоли хориҷӣ гуфта гузаштанд.

Дар баромади худ Бурҳонова З.У. инчунин оид ба масъалаи мубрами рӯз – хурофотпарастӣ ва хусусан, дар байни ҷавонон ба миён омадани шомилшавӣ ба гурӯҳҳои  ифротӣ ва бегонапарастӣ суханронӣ намуданд. карда гузаштанд. Хамчунин таъкид карда шуд, ки муҳассилин шабакаи Интернетро танҳо барои омодагӣ ба дарсҳо мақсаднок истифода баранд ва аз китобхонаи электронии донишгоҳ самаранок истифода бурда, сатҳи донишу малакаҳои худро баланд бардоранд, Донишҷӯён бояд ҷонибдори фарҳанги миллии худ буда, худро аз бегонапарастӣ ва зуҳуроти номатлуби аз қабили терроризму экстримизм дургиранд.

Декани факултети тиббӣ

        д.и.т.,профессор 

Муҳаббатов Ҷ.Қ.