Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Баргузории семинар-тренинг барои ординаторҳои клиникӣ

Баргузории семинар-тренинг барои ординаторҳои клиникӣ

2018-01-12 /  Автор:Editor /  Диданд:100

Рӯзи 11.01.2018 мувофиқи нақшаи корӣ  ва фармоиши ректори Донишгоҳ (аз 08.01.2018 с., №2§1) дар Бахши иттилоот оид ба маводи дорувории Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» семинар-тренинги омӯзишӣ барои ординаторҳои клиникии соли аввали Донишгоҳ ташкил ва гузаронида шуд. 
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи дониши иштирокчиён ва пешниҳод намудани иттилооти амиқу эътимоднок ва аз ҷиҳати илмӣ собитшуда оиди маводҳои доруворӣ ва истифодаи самараноки онҳо мебошад. 
Дар рафти семинар оид ба истифодаи самаранок ва оқибатҳои истифодаи ѓайрисамараноки маводи доруворӣ, таъйиноти маводҳои доругии зиддибактериявӣ, антибиотикрезистентнокӣ ва роҳҳои бартараф кардани он ва дигар масъалаҳои муҳим оиди маводи доругӣ ба иштирокчиён маълумотҳои дуруст ва объективӣ пешниҳод карда шуд.
Семинар–тренингҳои мазкур бо усулҳои муосири таълимӣ ва интерактивӣ гузаронида шуда, дар рафти он ҳамаи иштирокчиён ба таври фаъолона ширкат менамоянд. Дар қисмати мубоҳисавии семинар бо иштирокчиён баҳсу баррасиҳо ба таври шавқовар гузаронида шуда, онҳо аз баррасии саволҳои ба миён гузошташуда ва посухи онҳо хеле ҳам қаноатманд гаштанд.
Дар анҷоми семинар–тренинг ба ҳар як иштирокчӣ маводҳои иттилоотӣ ва барномавӣ тақдим карда шуд ва иштирокчиён бошанд дар навбати худ фикру ақида ва мулоҳизаҳои худро барои боз ҳам беҳтар гузаронидани чунин тренингҳои омӯзишӣ ҳам ба таври шифоҳӣ ва ҳам ба таври хаттӣ баён намуданд.
Бахши иттилоот оид ба маводи доруворӣ минбаъд низ ташкил ва гузаронидани чунин семинар – тренингҳои омӯзиширо идома хоҳад дод.
Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»