Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Ҷаласа вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат

Ҷаласа вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат

2018-01-12 /  Автор:Editor /  Диданд:310

 

9.01.2018 дар МТК «Стоматология» - и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино   вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми кишвар бо иштироки директори марказ Таибов С.А.,  мудирони  кафедраҳои стоматологияи муолиҷавӣ-Тохтахоҷаева С.Т  стоматологияи  ортопедӣ Зарипов А.Р, кормандони марказ ва устодони кафедраҳо, донишҷӯёни  факултаи стоматологӣ ҷаласа баргузор гардид. Ҳамагон Паёми имсолаи Президенти кишварро баҳтарин дастовард дар соли 2018 барои воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ номида тасмим гирифтанд, ки содиқона дар тарбияи насли наврас ва рушди соҳаи тиб саҳмгузор бошанд. 
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки соли 2018 аз ҷониби Пешвои муаззами миллат соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ эълон гардида, барои рушду такомули ин соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа мусоидат менамояд.

МТК «Стоматология»