Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Худшиносии миллӣ-омили суботи кишвар

Худшиносии миллӣ-омили суботи кишвар

2018-01-03 /  Автор:Editor /  Диданд:452


Ваҳдати ҳақиқии миллӣ бидуни инкишофи тафаккури таърихӣ, худшиносии миллӣ бузургдошти забон ва меъроси фарҳанги, равнақу ривоҷи шуури миллӣ тасавурнопазир аст. Президенти кишвар Эмомали Раҳмон дар таълифоти пурмуҳтавои худ: - «Тоҷикистон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён», «Тоҷикистон дар остони фардо», «Душанбе – шаҳри дустӣ ва бародарӣ», ҳамчунин дар суханрониашон дар идҳои ҳарсолаи Ваҳдати миллӣ, ки дар пойтахти кишвар ва дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон баргузор мегардад, ғояи Ваҳдати миллиро бо мазмун мӯҳтавои давлатию ҷамъияти ғани гардонидаанд. Ваҳдату якдилӣ бо худшиносии миллӣ сахтмарбуд буда, тавасути таълиму тарбияи хуб ва донишу маърифати баланд ба даст меояд. Бо таъбири Президенти кишвар Эмомали Раҳмон – «То даме ки худшиносии миллӣ, пост доштани хотираҳои таърихи, ифтихор аз мансубияти миллӣ, дар шуури ҳар якеи мову шумо падид наояд, то даме ки ҳар кадоме мо манфиати миллиро ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрванди эҳсос накунем ва эҳтиром нагузорем, то даме ки хизматба ватан ва миллат бароямон ба арзиши олии зиндагӣ табдил наёбад мо ҳамчун давлатӣ соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намерасем». 
Худшиносии мақому манзалати инсонии худро бо решаҳои таърихи, бо сарнавишти миллату халқи худ ва бо аҳли башар дарк карданаст. Бо таъбири Президенти кишвар «Бидуни пайванду ҳамгироии тамадуни имрузаи тоҷикон бо таърихи куҳанбунёди хеш ба қадри истиқлолият, ифтихори Ватану ватандори, ҳувияти миллӣ ва худшиносӣ худогоҳӣ комил расидан мумкин аст. Ҳамчунин бедарки огоҳонаи решаҳои таърихи, таълими истиқлолият пойдории давлати соҳибистиқлол ва бунёди ҷомеаи мутамадин муштилтар хоҳад буд». 
Тоҷикистон дар тулӣ таърих ба дастовардҳои моддию маънавӣ, фитрати фарҳангофарин ва маърифатбунёди худ дар ҷаҳони мутамадин бо дарёфти мақому манзарати муаъзам ва ифтихорангез ноил гардидаанд. Ифтихор аз гузаштаи таърихи куҳанбунёди хеш вақте пайдо мешавад, ки аз он огоҳ боши, онро моъяи омӯзиш, ибрат ва шукуҳмандӣ бидонӣ, зеро таърихи фарҳангу тамадун, забон адаб урфу одат дар пешгаҳи қавни ноогоҳ ҳукми мурдаро дорад. Саҳифаи пурмуқтавою рангин ва рӯзгори равшани миллати мо дар тули таърих бо талошу муборизаҳои ниёгонамон, ҷавонмардони шуҷои таърих пешвоён ва сарлашкарон ба монанди Спитамен, Темурмалик, муқанноъ, Шерак, Исмоили Сомонӣ, Восеъ, Садриддин Айни, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров ва садҳо зиёиёну сиёсатмодарони шарафманди дигар табъам буд. Худшиноси миллӣ ба даркӣ Ватандорию мақомпарастӣ, қадр намуданӣ суннатҳои давлатдорӣ ба расму оинҳои аддади ҳарчи бештар ташакул меёбанд. Таҷлияи ҷашнӣ 1100-солагии давлати Сомониён, 2500-солагии шаҳри Истарафшан, 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, ҳазорон Шоҳномаи безаволи Фирдавсӣ ва дигар ҷашнворҳо таҷасумгари фарҳанги бойи ин миллату ин ватан мебошанд.
Ҳайати кафедраи эндокринологияи ДДТТ ба номи Абуали Ибни Сино, аз сиёсати пеш гирифта Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон бетарафии зоҳир нанамуда дар ҳама корҳои ҷамъияти фаъолона иштирок намуда дар рафти корҳои ҷаъмияти илмию адаби, фарҳангию маърифати дар робита мебошад.

Мудири кафедраи эндокринология

н.и.т., Ниёзова М.Ф