Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Баргузории ҷаласаи Шӯрои олимони факултети НТҶ

Баргузории ҷаласаи Шӯрои олимони факултети НТҶ

2017-12-30 /  Автор:Editor /  Диданд:384


Рӯзи 28 декабри соли 2017 ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони факултети нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳамаи 19 нафар аъзои Шӯрои олимони факултет иштирок доштанд. Дар ҷаласа бо аъзои Шӯрои олимони факултет Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал баррасӣ карда шуд. Матни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзномаи донишгоҳии «Ворисони Сино» чоп карда шудааст, ба ҳамаи аъзои Шӯрои олимони факултет дастрас карда шуд. Қайд карда шуд, ки дар ҷаласаҳои қафедраҳои факултет  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамаи ҲПО-и кафедраҳо баррасӣ карда шуда, барои иҷроиши супоришҳои дар Паём оварда шуда чораандешӣ карда шуданаш зарур аст.


Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаҳои сатҳу сифати донишандӯзӣ, давомоти донишҷуёни факултет дар кафедраҳо,  сатҳу сифати дарсҳои амалӣ ва лексияҳо дар кафедраҳои тахассусии факултет, истифодаи васеъи технологияи муосири таълимӣ ва техникӣ-иттилоотӣ, алоқаи мутақобилаи судманд дар ҷараёни талим, амаликунии низоми кредитии таҳсилот, вазъи корҳои тарбиявӣ, корҳои илмӣ-татқиқотии донишҷуёну омӯзгорон дар кафедраҳои тахассусии факултет баррасӣ карда шуданд. Дарсазхудкунӣ, давомот ва корҳои илмӣ-татқиқотии донишҷӯёни факултет дар кафедраи дерматовенерология  муҳокима гардид, Мавзӯъи рисолаи номзадии ду нафар омӯзгорони кафедраҳои тахассусӣ муҳокима карда шуда, тасдиқ карда шуданд. Инчунин, иҷроиши қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳ, дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ, профессор Гулзода М.Қ. доир ба вусъат бахшидан ба корҳои таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ-ғоявӣ, илмӣ-татқиқотӣ дар кафедраҳо, омодагии кафедраҳо ва деканат ба имтиҳонҳои сессияи истиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2017-2018 бо аъзои Шӯрои олимони факултет ва даъватшудагон баррасӣ карда шуда, роҳҳои такимбахшии онҳо муҳокима карда шуд. Доир ба ҳар як масъалаи баррасишуда, қарор қабул карда шуд.
Қайд карда шуд, ки  дар аввали ҳар як дарсҳои амалию лексияҳо бо донишҷӯён аз ҷониби мудирону омӯзгорони кафедраҳо гузаронидани суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ оиди баланд бардоштани ҳисси ватанпарварию миллатпарварӣ, гиромӣ доштани муқадассоти миллӣ, садоқат ба ватану халқи азизамон, қатъӣ риоя кардани тартиботи дохилии донишгоҳӣ, ҳамарӯза бо тайёрии хуб омадан ба дарсҳо, риояи сару либос, намуди зоҳирӣ, бо  автомашина наомадан ба дарсҳо, истифода накадани телефонҳои мобилӣ ҳангоми машғулиятҳо, риоя кардан ба тозагии синфхонаҳою биноҳои донишгоҳ, кӯчаҳою хиёбонҳои шаҳри Душанбе, эҳтиёткорона ва ғамхорона муносибат кардан ба молу ашёи донишгоҳ, баланд бардоштани ҳушёрии сиёсии донишҷӯён бар зидди ифротгароӣ, доштани одобу аҳлоқи ҳамида, риояи қатъии тартибу иштизом тақозои замони муосир аст. 
Дар фароварди ҷаласа аъзои Шӯрои олимони факултет ва даъватшудагон изҳор карданд, ки супоришҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст сармашқи кори ҳамарӯзаи худ карда, ҳамаи  нуктаҳои  гуфташударо ба назар гирифта, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар оянда ҳамчун фарди садоқатманд барои боз ҳам рушду шукуфоии донишгоҳ ва ватани азизамон Тоҷикистон ҳиссагузорӣ мекунанд. 

 Декани факултети НТҶ,
 н.и.т., дотсент Носиров Қ.Н.