Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Қабули санҷиши амалӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ бо усули ОСКЭ

Қабули санҷиши амалӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ бо усули ОСКЭ

2017-12-30 /  Автор:Editor /  Диданд:85

 

 Дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ, профессор Гулзода М.Қ. ва ҷадвали таҳияшуда дар рӯзҳои аз 18 то 28 декабри соли 2017 дар доираи марҳилаи 3-юми Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷкистон (Лоиҳа) тибқи барномаи нави таълимии факултети тиббии мутобиқкунонидашуда ба стандартҳои байналмилалӣ, дар Маркази омӯзиши малакаҳои амалии донишгоҳ (МОМА) бо мақсади баҳодиҳӣ ба сатҳу сифати таҷрибаомӯзии истеҳсолии соли таҳсили клиникии соли таҳсили 2017-2018-и донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ ва дониши назариявӣ, малакаҳои амалию муоширатӣ, фикрронии аналитикию клиникӣ, маҳорати касбии донишҷуён мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ тариқи ОСКЭ (Объективный структурированный клинический экзамен)  санҷиши амалӣ қабул карда шуд. Кабули санҷиши амалӣ аз донишҷӯён тибқи стандартҳои байналмилалӣ тариқи ОСКЭ бо истифода аз беморони стандартикунонидашуда ва технологияи муосири симулятсионӣ (симуляторҳо, муляжҳо, фантомҳо, таҷҳизотҳою асбобҳои тиббӣ) бо ҳалли масъалаҳои ситуатсионӣ дар МОМА-и донишгоҳ баргузор гардид.


Қабули санҷиши амалӣ тариқи ОСКЭ якҷоя бо намояндагони Лоиҳа, ҳамоҳангсози миллии Лоиҳа Ярбаева Шаҳло, коршиноси байналмилалии Лоиҳа оид ба таълим аз Швейтсария Грета Росс, мутахассиси Лоиҳа Давлатова Дилбар таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ Гадоев Б.Ш. аз донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ ба роҳ монда шуд.   Санҷиши амалӣ тариқи ОСКЭ аз донишҷӯён дар 5 стансия аз фанҳои асосии клиникии тибби оилавӣ, терапия, педиатрия ва неонатология, ҷарроҳӣ, акушерӣ гинекологӣ аз ҷониби омӯзгорони кафедраҳои клиникию мутахасссисони МОМА-и донишгоҳ ва комиссияи санҷишӣ таҳти раисии дотсенти кафедраи тибби оилавии №2, н.и.т. Иномзода Ҷ.И. қабул карда шуд. Ҳангоми қабули санҷиши амалӣ тариқи ОСКЭ аз донишҷӯён  кормандону коршиносони байналмилалии Лоиҳа иштирок доштанд ва аз ҷониби онҳо қайд карда шуд, ки барои ташкилу қабули санҷиши амалӣ тариқи ОСКЭ аз ҷониби раёсати донишгоҳ, таҳти роҳбарии бевоситаи ректори донишгоҳ профессор Гулзода М.Қ., сохторҳои дахлдори донишгоҳ ва ҳамоҳангсози донишгоҳии Лоиҳа Носиров Қ.Н. корҳои зиёди самаранок ба анҷом расонида шуда, санҷиши мазкур тибқи стандартҳои байналмилалӣ ташкил карда шуда, дар сатҳи баланд гузаронида шуд.
Дар натиҷаи таҳлили супоридани санҷиши амалии донишҷӯён маълум  гардид, ки дониши назариявӣ, малакаҳои амалию муоширатӣ, фикрронии аналитикию клиникӣ ва маҳорати касбии донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ дар сатҳи хуб қарор дорад. Беҳтар шудани сатҳу сифати дониши назариявӣ, малакаҳои амалию муоширатӣ, фикрронии аналитикию клиникӣ ва маҳорати касбии донишҷӯён бо фароҳам оварда шудани шароити муфиди таълимӣ, беҳтар карда шудани базаи моддию техникии донишгоҳ, таъсиси МОМА-и нав, ислоҳоти таҳсилоти  тиббӣ бо мутобиқкунонии он ба стандартҳои байналмилалӣ ва эҳтиёҷоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардошта шудани сатҳу сифати раванди таълим бо воридсозии технологияи муосири таълимӣ (усулҳои фаъол, интерфаъол, алоқаи мутақобилаи судманд), иттилоотӣ-компютерӣ, симулятсионӣ, низоми идораи таҳсилоти электронӣ (LMS) ва таҷрибаомӯзии истеҳсолии 4-моҳаи соли таҳсили клиникӣ дар курси 6-уми факултети тиббӣ, таҳкимбахшӣ ба таълими тибби оилавӣ аз ҷониби раёсати донишгоҳ таҳти роҳбарии бевоситаи ректори донишгоҳ, профессор Гулзода М.Қ. ва дастгирии шарикони хориҷӣ, кормандону коршиносони байналмилалии Лоиҳа аз донишгоҳҳои Сюриху Базели Швейтсария ва Калгарии Канада вобастагӣ дорад. Кайд кардан лозим аст, ки ҳамаи маводи сарф барои қабули санҷиши амалӣ тариқи ОСКЭ аз ҷониби Лоиҳа таъмин карда шуд. 

Ҳамоҳангсози донишгоҳии Лоиҳа,
декани факултети НТҶ, н.и.т., дотсент
Носиров Қ.Н.