Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Ҷаласаи навбатии Шӯрои олимон

Ҷаласаи навбатии Шӯрои олимон

2017-12-30 /  Автор:Editor /  Диданд:490

 

28.12.2017. Ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Донишгоҳ баргузор гардид.
Қабл аз оғози ҷаласа Ректори Донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода М.Ќ. аъзои Шӯрои олимонро бо фарорасии Соли нави милодӣ табрик гуфт.
Баъдан муҳтавои Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баррасӣ шуда, нуктаҳои муҳимтарини он таҳлил карда шуданд.
Бо супориши Ректори Донишгоҳ  ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои сарвари давлат Нақшаи чорабиниҳо таҳия карда мешавад.
Ҳамчунин дар ҷаласа ҳисоботи солонаи муовинатҳои илм ва нашрия, хоҷагӣ ва маъмурӣ ва шуъбаи равобити байналмилалӣ шунида шуд.

Шуъбаи таҳлил назорат ва робита бо ҷомеа