Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Хобгоҳи № 6 беҳтарин дониста шуд

Хобгоҳи № 6 беҳтарин дониста шуд

2017-12-29 /  Автор:Editor /  Диданд:112

      Хобгоҳи рақами 6-и донишгоҳамон дар озмуни умумишаҳрии «Хобгоҳи беҳтарини пойтахт» сазовори ҷои дуюм дониста шуда бо дипломи дараҷаи 2 ва  туҳфаи хотиравӣ сазовор гардид. 

Озмуни мазкурро Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе вобаста ба «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 дар байни муассиҳои таҳсилоти олии ҳудуди пойтахт таъсис дода, зимни он тозагии хобгоҳ, сабзу хуррам нигоҳ доштани гирду атрофи хобгоҳ, ороиши хобгоҳ бо лавҳаҳои деворӣ, гӯшаҳои гуногун, қоидаҳои зист ва риояи тартибу низом, таъмин будан бо шароити зист, мусоидат ба корҳои ташкиливу тарбиявӣ мавриди санҷиш қарор гирифтанд.

 Рӯзи 27 декабр натиҷаҳои озмун ҷамъбаст гардида, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравиро супурд.

 Бояд зикр намуд, ки барои ба ин натиҷаи арзанда ноил гардидан  муовинати тарбия ва фарҳанг, кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён ва мутассадиёни хобгоҳи №6  корҳои зиёди ташкиливу тарғиботиро анҷом доданд, ки раёсати донишгоҳ ба ҳамаи онҳои миннатдории самимӣ изҳор менамояд.

Кумитаи итифоқи касабаи донишҷӯён