Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Дарси тарбиявӣ дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона

Дарси тарбиявӣ дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона

2017-12-25 /  Автор:Editor /  Диданд:4485

 

 

​22-юми декабри соли 2017 Паёми Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамватанон муроҷиат намудаанд. ҶТ бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иктисодӣ ва амнияти ҷаҳон бо кадамҳои устувор пеш меравад. Аммо дар ҷаҳон мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтааст.
Ин ҳолат метавонад боиси таҳдиду харобиҳои ҷаҳонӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.
Барои пайдории сулҳу субот, оромиву осудагӣ дар Тоҷикистон ва бедор кардани ҳисси ватанхоҳиву инсондустӣ, тарбия кардани ҷавонон дартрӯҳияи инсонпарварӣ  дарсҳои тарбиявӣ ва одоби  ҳамида ва амсоли он нақши муҳим мебозанд.
Баъди шунидани баёнияи Президенти кишвар кормандони кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона 23 декабри соли 2017 тавассути донишҷӯёни курси сеюми факултети тиббӣ Курбоналиев Шохруг ва Тагоев Салим  барои донишҷӯёни хориҷии курси дуюм ва сеюми гурӯҳҳои 51, 5, 7 факултети тиббӣ  ва бакалаврхо дар мавзӯи “Терроризм ва экстремизм хабари глобалии ҷаҳон”  гузориш ва презентатсияи муфассал пешкаш намуданд.
Баъд аз маърӯза кормандони кафедра ва донишҷуен баҳсу мунозира карда ба ҷунин xулоса омаданд, ки ин гуна мубоҳисаҳо зиёд баргузор карда шаванд. 

Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона