Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Маҷлисҳои курсӣ пеш аз имтиҳонот

Маҷлисҳои курсӣ пеш аз имтиҳонот

2017-12-23 /  Автор:Editor /  Диданд:121

         

 


         Рӯзҳои 20-21 декабр дар толори Сино бо иштироки мудирони кафедраҳое, ки аз донишҷӯёни курсҳои 1-4 имтиҳон мегиранд, маҷлисҳои курсии факултети педиатрӣ баргузор гаштанд. 
          Дар ҷаласаҳои курсӣ декани факултет, д.и.т., профессор Табаров М.С. ба сухан баромада зикр намуд, ки вобаста ба фаро расидани  давраи барои донишҷӯё бисёр масъулятнок-сессияи зимистона  ҳар як донишҷӯро лозим аст, ки дар чунин давраи ҳалкунанда  масъулияти бештар ҳис намуда, барои бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст намудани имтиҳону санҷишҳо тамоми сайъу кӯшишашонро ба кор баранд. Роҳбари факултет аз шогирдон тақозо намуд, ки дар давраи имтиҳонот ба риояи қатъии қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ, либоси донишҷӯӣ ва одоби муошират эътибори ҷиддӣ диҳанд. 
        Дар охир донишҷӯён ба саволҳои мавриди таваҷҷӯҳи худ аз роҳбарияти факултет ва кафедраҳои марбута ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Деканати факултети педиатрӣ