Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Терроризм ва ҳуқуқи инсон

Терроризм ва ҳуқуқи инсон

2017-12-22 /  Автор:Editor /  Диданд:429


                               
Терроризм, яке аз падидаҳои номатлуб ва зиёновару нангини зулмовар ба ҳисоб рафта, ҳадафи он пароканда кардани якпорчагии давлат ва қатлу куштор буда, саркардагони он бо ин роҳ хостгори ҳокимияти мутлақ барои амалигардонии мақсаду ниятҳои нопоки худ мебошанд.   Дар замони муосир ин падидаи нангинӣ хунхор аз ҷониби гурӯҳҳои гуногун боистифода аз номҳои исломӣ, ба монанди «Давлати Исломӣ, Ҷабҳат-а-нусра, ал-Қоида, Толибон» ҷаҳонро ба ҳарос овардааст.  Чунин гурӯҳҳои хунхор нерӯи ҷисмонии худро аз ҳисоби ҷавонон берун аз таҳсилу илм, дар тарбияи падару модар монда ва надоштани таълимоти кофӣ дар бораи дину оини хеш ташкил медиҳад, ки фикри ба осони ба даст овардани пулу моли бе машаққат ба доми манфиатҷуёни муғриз меафтанд. Надоштани иттилои кофӣ инсонро ба ҷараёну ҳаракатҳои террористӣ мебарад. Чунин раванд дар охири асри XX ва авали асри XXI ба авҷи баланди худ расидааст,  ки боиси нигаронии мардуми тамоми ҷаҳон гардидаст. Ҳодисаҳои хунину ваҳшиёнае, ки созмони террористӣ бо ном «Давлати исломӣ» дар паси матои сиёҳ бо дарҷи номи Худо ва Паёмбари ислом пинҳоншуда, мақсадҳои берун аз дину оинро дар хоки кишварҳои Сурияву Ироқ, Тунису Яман ва Нигерия анҷом медиҳанд, ки дар баробари талафот ёфтани нафарони зиёди бегуноҳи ин кишварҳо, инчунин, осорхонаҳои муҳимми таърихӣ ва дастовардҳои муҳимми инсонӣ вайрону валангор гардидаанд.
Аз ҷониби чунин созмонҳои террористӣ дар кишварҳои шарқи исломи, ба монанди Сурияву Ироқ, Тунису Яман ва Нигерия мардум ба кулбори азобу машаққат, қатлу куштор ва фавти ҳазорҳо ҳазор мардуми оддӣ, ки шумораи зиёди онҳоро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд, гирифторанд. Чунин амалҳои террористӣ дар давлатҳои номбурда боиси дур мондан аз таҳсил наврасону ҷавонон, беаҳамият ва беқадр шудани ҳуқуқҳои инсон гаштааст. Беқадриву беаҳамияти ва ҳимоя нашудани ҳуқуқҳои умдаи мардум дар зери ин кулфати бедодгар онҳоро сарсону саргардон сохтааст. Дар зери зулму ситами чунин созмонҳои террористӣ, механизмҳои давлатии ҳимояи ҳуқуқи инсон иҷрои фаъолияти муътадили худро аз даст дода, ҳимояи ҳуқуқҳои шарҳвандони худро ба ҷо оварда наметавонад, ки ин сабаби тарк намудани шаҳрвандони зиёд аз давлати худ гашта, ки имрӯзҳо ба ҳукми анъана даромадааст.  Тақдири қисмати зиёди онҳо низ ҳангоми муҳоҷират, ки бештар бо тариқи баҳр сурат мегирад, номаълум боқи мемонанд. Умуман дардавлатҳое, ки созмонҳои террористӣ арзи ҳасти доранд ва барои амали гардонидани мақсадҳои нопокашон ҳаракатҳои террористиро анҷом медиҳанд,   ҳуқуқҳои инсон пурра поймолгардида, эътироф намешаванд, инсон ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ,  ки арзиши оллӣ эътироф шудаанд, дар   назди чунин гурӯҳҳо ҳеҷ аҳамияте надорад ва василае барои амали гардонии ҳадафҳои ҷоҳилонаву хунхоронаи худ  мешуморанд. 
Бояд қайд кард, ки террористи асоси маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷахон, таҳдид мекунад. Аз ин рӯ, он бояд зери мурокибати хоссаи ҳамешагии давлат ва муассисаҳои ҳимояи ҳуқуқи кишвар қарор гирад. Терроризм ин содир намудани амалҳое мебошад, ки ба инсоният хатари марг ба миён оварда, мақсади он  бо роҳи зурӣ, қатлу куштор, тарсонидан барои ғасби ҳокимият мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар паёми навбатии  худ 22 декабри соли 2016 ба Маҷлиси Олии кишвар соли 2017-ро  соли  Ҷавонон эълон намуда, таъкид карданд, ки аз   устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб карда шавад, ки диққати наврасон ва донишҷуёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, онҳоро дар руҳияи донишомӯзиву хештаншиносӣ, меҳанпарастиву ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ тарбия намоянд, чунки солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст ва қувваи асосии зиндаи он аз ҳиособи ҷавонон ва наврасони дур аз таълим ташкил медиҳад.
Ба муқобили терроризм бояд ҳам ҷомеа ва ҳам давлат мубориза баранд. Ҷомеаи шаҳрвандиро мебояд дар муқобили ғояҳои терроризм  ғояҳои инсондӯстӣ гузошта, ба муқобили он мубориза бурда, истодагарӣ  намоянд. Асоси ҳуқуқии мубориза бар зидди терроризмро дар давлати  мо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза бар зидди эксремизм  (ифродгароӣ) аз 8 декабри соли 2003 ва санадҳои дигари қонунгузории  ҶТ ва асноди ҳуқуқи байналмилалӣ, ки аз тарафи Тоҷикистон тасдиқ  шудаанд, ташкил медиҳад ва мақсади он, пеш аз ҳама, риоя кардан ва  ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар ҶТ мебошад.

Кафедраи забонҳои хориҷӣ ва лотинӣ Қаюмова М.А., Муҳамадиева З.А.