Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Давраи дуюми Тадқиқотҳои олимони Олмонӣ оиди лоиҳаи “Таҳким ва ташхиси бехатарӣ, бактерияи ниҳоят хатарнок Bacillus antracis дар Тоҷикистон” дар ОМИТ

Давраи дуюми Тадқиқотҳои олимони Олмонӣ оиди лоиҳаи “Таҳким ва ташхиси бехатарӣ, бактерияи ниҳоят хатарнок Bacillus antracis дар Тоҷикистон” дар ОМИТ

2017-12-21 /  Автор:Editor /  Диданд:326

                                                      

 

          
Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон  ба номи Абуалӣ ибни Сино бо Пажӯҳишгоҳи Роберт Кох (ПРК)-и Олмон оиди биобехатарӣ-биомуҳофизатӣ ва тадқиқоти B. anthracis барангезандаи сиёҳзахм ҳамкорӣ дорад. Ин ҳамкорӣ дар доираи имзои «Мактуби мақсади ҳамкорӣ»  таҳти рақами 01/156-1 аз санаи 24.01.2017 амалӣ гардидааст. Дар доираи ин ҳамкорӣ тарафайн як лоиҳаи проект, «Таҳкими ташхис, тибби озмоишгоҳӣ ва тадқиқоти саҳроии бактерияҳои ниҳоят хатарнок Bacillus anthracis ва Francisella tularensis дар Тоҷикистон» (Strengthening of diagnosis, laboratory medicine and field investigations of the highly pathogenic bacteria Bacillus anthrocis and Francisella tulorensis in Tajikistan") тайёр намуд, ки дар натиҷа 150 ҳазор евро (150,000  euro) аз Вазорати федералии маориф ва илмии Олмон (GermanFederalMinistryforEducationandResearch), ПРК ба даст овард. 
Дар озмоишгоҳи ОМИТ санаи 14.12.2017с давраи дуюми озмоишҳо оиди лоиҳаи якҷояи Олмону Тоҷикистон “Таҳким ва ташхиси бехатарӣ,  бактерияи ниҳоят хатарнок Bacilli antracis дар Тоҷикистон” (Укрепление безопасности диагностики особо-опасной инфекции Bacilli antracis в Таджикистане) оғоз гардиданд. Бояд қайд намуд, ки давраи якуми тадқиқотҳо моҳи октябри соли 2016 гузаронида шудаанд.   Роҳбари лоиҳа проф Якобс Гатс, иштирокчиёни лоиҳа Питер, аз ПРК Др. Жан Петер, Якоб Гатс, Тимо Беске ва корманди ОКСБ-и донишгоҳ Муминҷонов С. мебошанд. Пеш аз оғози озмоишҳо  се ҳуҷраҳои кории лолиҳа, ки дар ОМИТ ҷудо карда шудаанд, таъмири капиталӣ гузаронида шуда таҷҳизотҳо (ПСР, Real time), маводҳои сарфшаванда ва реагентҳо, барои ба  роҳ мондани ташхис дастрас карда шуданд. Қайд кардан лозим аст, ки дар доираи ин барнома экспедитсияи тадқиқоти низ ташкил карда мешавад.

Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ