Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Баргузории мусобиқаи ШОҲМОТ

Баргузории мусобиқаи ШОҲМОТ

2017-12-21 /  Автор:Editor /  Диданд:94

 


Рӯзи 20 -уми декабри соли 2017 дар толори Донишгоҳ маросими кушодашавии мусобиқаи ШОҲМОТ байни муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе, барои дарёфти «ҶОМИ РЕКТОР» ки бахшида ба «Соли ҷавонон» баргузор мегардад,  ба вуқӯъ пайваст. Сараввал муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ Гадоев Б.Ш. ҳозирин ва иштирокчиёни мусобиқаро аз номи раёсати Донишгоҳ табрик гуфта, барои ҳар як дастаи иштирокчӣ пирӯзӣ орзу намуд.
Чорабинии имрӯза дар партави иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мешавад ва барои дарёфти чеҳраҳои нав дар ин намуди варзиши қадимӣ саҳми арзанда мегузорад.

Шуъбаи таҳлил назорат ва робита бо ҷомеа