Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Ҷаласаи ғайринавбатии МТК «Стоматология»

Ҷаласаи ғайринавбатии МТК «Стоматология»

2017-12-20 /  Автор:Editor /  Диданд:400

    Ҷаласаи ғайринавбатии МТК «Стоматология» дар санаи 19.12.17. оиди баланд бардоштани  фарҳанги сиёсӣ ва маънавиёти муҳасилин тибқи  дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти донишгоҳ  баргузор гардид.    Директори марказ Таибов С.А.,  Мудири  кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ-Тохтаходжаева С.Т  стоматологияи  ортопеди- Зарипов А.Р, кормандони марказ ва устодони кафедраҳо иштирок намуданд.
     

Маҷлисро директори МТК «Стоматология»  Таибов С.А. ифтитоҳ намуда,қайд кард,ки ҳар яки мо дар дастуру   супоришҳои асосгузори сулҳу ваҳдат пешвои миллат президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ ва мардуми кишварро  сармашқи  кори  худ  намуда   барои амали гардидани он дар ободии кишвар  ҳар яки мову шумо бояд саҳмгузор бошем.
      Сипас мудири  кафедраи  стоматологияи  ортопеди-  Зарипов А.Р,донишҷуи курси -3 7гр  Саломзода Ғ.Н баромад  намуда  масъалаҳои баррасишударо иқдоми  саривақти шумурда, шомил шудан ба ҳаракату равияҳои террористӣ – ин хиёнат ба Ватану  миллат,падару модар ва зану фарзандони хеш аст,аз ин рӯ аз Шумо хоҳиш менамоем,ки аз ин равияю ҳаракатҳо дур буда дар сурати   вохурдан ба ин гунна ашхоси номатлуб бетарафӣ зоҳир нанамоед.

МТК «Стоматология»