Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Мулоқот бо кормадони Лоиҳаи Швейтсариягии ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ

Мулоқот бо кормадони Лоиҳаи Швейтсариягии ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ

2017-12-16 /  Автор:Editor /  Диданд:100

Рӯзи 12 декабри соли 2017 бо кормадони Лоиҳаи ислоҳои таҳсилоти тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷкистон (Лоиҳа) мулоқот баргузор гардид. Дар мулоқот аз ҷониби Лоиҳа ҳамоҳангсози миллии Лоиҳа Ярбаева Шаҳло, коршиноси байналмилалии Лоиҳа оид ба таълим аз Швейтсария Грета Росс, мутахассис оид ба таълими Лоиҳа Давлатова Дилбар ва аз донишоҳ ҳамоҳангсози донишгоҳии Лоиҳа, декани факултети НТҶ Носиров Қ.Н., сардори шуъбаи таҷрибаомӯзӣ Хокироев Т.З. ва директории Маркази омӯзиши малакаҳои амалии донишгоҳ У Смонов Ҷ.Н. иштирок доштанд.
Дар мулоқот масъалаи методологияи қабули санҷиши амалии таҷрибаомӯзии истеҳсолии соли таҳсили клиникии соли таҳсили 2017-2018-и   донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ тариқи усули ОСКЭ дар Маркази омӯзиши малакаҳои амалии донишгоҳ дар доираи марҳилаи 3-юми Лоиҳа муҳокима гардид.
Қайд гардид, ки мутобиқи фармоиши ректори донишгоҳ, профессор Гулзода М.Қ. санҷиши амалии таҷрибаомӯзии истеҳсолии соли таҳсили клиникии соли таҳсили 2017-2018-и  донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ тариқи усули ОСКЭ дар рӯзҳои аз  18 то 28 декабри соли 2017 тибқи ҷадвал ва рӯйхати таҳиягардида, бо ҷалби омӯзгорони кафедраҳои клиникии дахлдори донишгоҳ дар Маркази омӯзиши малакаҳои амалии донишгоҳ қабул карда мешавад. Барои қабули санҷиши амалӣ аз 1092 нафар донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ доир ба сатҳу сифати дониши назариявӣ, малакаҳои амалю муоширатӣ ва маҳорати касбии онҳо ва баҳодиҳии сифати таҷрибаомӯзии истеҳсолии соли таҳсили клиникии соли таҳсили 2017-2018-и  донишҷӯён ҳамаи маводи сарф аз ҷониби Лоиҳа таъмин карда мешавад. 

Ҳамоҳангсози донишгоҳии Лоиҳа,
декани факултети НТҶ, н.и.т., дотсент
Носиров Қ.Н.