Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Дарси тарбиявии гурӯҳи куратории кафедраи биология бо асосҳои генетика

Дарси тарбиявии гурӯҳи куратории кафедраи биология бо асосҳои генетика

2017-12-18 /  Автор:Editor /  Диданд:139

Санаи   13.12.17  дарси тарбиявии гурӯҳи куратории кафедраи биология бо асосҳои генетика дар боғи фарҳангӣ ва фароғатии ба номи С. Айнӣ баргузор гардид. Устоди калони кафедраи Биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика Бурҳонова З.У. бо донишҷӯёни гурӯҳ  аз рӯи асари “Ёддоштҳо”-и устод С.Айнӣ  сӯҳбат гузарониданд.  Мавзӯъи дарси тарбиявиро “Давраи бачагии ман” ва “Овони ҷавонии ман”-и асари Ёддоштҳои устод С. Айнӣ дар бар гирифт. Донишҷӯён аз давраҳои кӯдакии устод ва қадамҳои аввалини сабақомӯзии ӯ ва овони ҷавонии С. Айнӣ ёдовар шуданд. 


Мақсад аз гузаронидани ин гуна дарсҳои тарбиявӣ дар донишҷӯён бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва ифтихори миллӣ  ва ташвиқи омӯзиши асарҳои  ниёгонамон аз он ҷумла  устод С. Айнӣ, ки дар замири ҷавонон бедор намудани хусусияти тарбияи ахлоқӣ, маърифатӣ, маънавӣ, зебоипарастӣ, таърихӣ ва қадршиносӣ дорад, мебошад.

 Кафедраи биологияи тиббӣ 

бо асосҳои генетики