Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Чорабинии адабӣ-фарҳангӣ

Чорабинии адабӣ-фарҳангӣ

2017-12-16 /  Автор:Editor /  Диданд:88

14.12 соли 2017 тибқи нақшаи кории Шӯрои занон чорабинии адабӣ-фарҳангӣ бо шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло  бо донишҷӯдухтарони факултетҳои тиббӣ, стоматологӣ, фарматсевтӣ баргузор гардид.  Маҳфилро муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ Зуҳуров Н.Б. ровигӣ намуда, дар бораи ифтихороти таърихӣ дар манзумаҳои шоир, суннатҳои волои миллӣ, инсонгароӣ, маърифатсириштӣ ва некманишии тоҷиконро ба ҷилва овардани шоир, гуфтагузашт.
Устод бо эҳсосоти баланди ватандӯстӣ ва муҳаббати бепоён ба мардуми ин сарзамини куҳанбунёд шеърхонӣ карданд. Донишҷӯдухтарони фаъоли Шӯрои бонувон аз  манзумаҳои шоир қироат намуда, саволҳои зиёд ба устод доданд. 
Маҳфил хеле самимӣ ва дар фазои озод гузашт.

Шӯрои бонувон