Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарон

Вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарон

2017-12-16 /  Автор:Editor /  Диданд:378

11 декабри соли 2017 соати  1800 тибқи нақшаи кории Шӯрои донишҷӯёни хобгоҳи №4 дар толори хониши китобхонаи хобгоҳӣ вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарон аз тарафи коменданти хобгоҳи №4 Ҳасанзода  С.Ҷ, Раиси Шурои бонувон Ҳоҷиева  Г.Б,  сардори шуъбаи тарбия Расулов  С,  РаисиКумитаи касабаи донишҷӯён Саидов И.  гузаронида шуд.
      Дар вохӯрии мазкур Раиси Шӯрои бонувон  дар бораи тозагӣ,  риояи реҷаи хобгоҳӣ, муошират бо ҳамдигар, ҳурмату иззати шахсони калон гуфта гузашт.  Сардори шуъбаи тарбия Расулов С.  оиди шароитҳои хуби хобгоҳ  барқу гармӣ, иштирок дар дарсҳои  кураторӣ, баланд бардоштани маърифат, ҳисси Ватандорӣ  гуфтугузор намуд. 
11 декабри соли 2017 соати 19 30дар толори хобгоҳи № 6  бо ҳамроҳии коменданти хобгоҳ Хоҷаёров ва иштироки  Раиси Шурои бонувон Ҳоҷиева  Г.Б,  Сардори шуъбаи тарбия Расулов  С,  Раиси Кумитаи касабаи донишҷӯён Саидов И. вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарон гузаронида шуд. Оиди риояи  пӯшидани либосҳои тавсиявии донишгоҳӣ ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ аз тарафи мутасаддиён сӯҳбат ороста шуд.

Шӯрои бонувон