Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Мафҳум ва моҳияти коррупсия

Мафҳум ва моҳияти коррупсия

2017-12-15 /  Автор:Editor /  Диданд:378

                                              
“Коррупсия дар қатори  дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Мубориза бар зидди  ин падидаи нангин ва паст кардани он ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст”
                                                                               Эмомалӣ Раҳмон 
Яке аз  падидаҳои  нохуш  ва  номатлубе, ки  чомеаи  ҷаҳониро фаро гирифтааст, ин  ҳодисаҳои  коррупсионӣ, аз қабили ришваситонӣ, ришвадиҳӣ, хушомадгӯи, истифода бурдан  аз вазифа ва суистифода  кардан  аз ваколатҳои ҳуқуқӣ- давлатӣ мебошад. Ва ман мухтасар мехоҳам ҳамчун як шахси соҳибҳуқуқ ва шаҳрванди комилҳуқуқ   андешаҳои худро перомуни ин масъалаи доманадор ва ҳалталаб  иброз дорам.
Кобили зикр аст, ки мубориза бар зидди коррупсия  ва ошкор сохтани камбудиҳо  дар ин самт, коҳиш додани равандҳои он  кори дастҷамъонаи тамоми соҳаҳои  ҷомеа ба  шумор меравад, зеро  ин вабои иқтисодӣ,ки дар ҳама самтҳои ҷамъиятӣ ба назар мерасад  ва бартараф кардани камбудиҳо моро ба зиндагии хушу босаодат роҳнамун  месозад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон   дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, ки 22декабри соли 2016 баргузор гардида буд,зикр намуданд, ки “Фаромӯш набояд кард, ки  мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  нест. Дар ин мубориза   тамоми  аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ваҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад”.     
Пеш аз ҳама мо бояд ба моҳияти ин калима, яъне  коррупсия сарфаҳм равем ва маънои луғавии онро донем:
Коррупсия (калимаи лотинии  corrupsion-бо порра ба  худ  тобеъ  кардан,харида гирифтан, ришва додан) зуҳуроти хавфноки  ҷамъиятӣ  дар соҳаи сиёсат ё идоракунии давлатӣ мебошад,ки дар истифодаи қасдонаи вазъи хизматии худ аз ҷониби намояндагони ҳокимият барои ғайриқонунӣ ба даст  даровардани  неъматҳои моддию  ғайримоддӣ ва имтиёзҳо дар шакли дилхоҳ,ҳамчунин харида гирифтани ин шахсон истифода мегардад.
Агар  ба адабиётҳои ҳуқуқӣ  назар афканем мебинем, ки коррупсия  ба маънои пораситонӣ, ришва додан,  сохтакорӣ, хешутаборчигӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳо,  ғайриқонунӣ аз они худ кардани моликияти давлатӣ, хушомад намудан ва ғ. мебошад.
21 июли соли 1999  фармони Президенти Чумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  тадбирҳои  иловагии пурзӯр  намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва коррупсия” баррасӣ гардид. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон  Конуни Чумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” ро қабул карданд. То имрӯз дар ин қонун якчанд маротиба  тағйиру иловаҳо низ ба назар мерасад. Бо мақсади беҳтар шудани низоми мубориза бар зидди қонунвайронкуниҳо  бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Чаноби олӣ , Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон моҳи январи соли 2007  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Чумҳурии Тоҷикистон таъсис дода  шуд, ки то имрӯз  кормандони он барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта саъю кушиш намуда, даҳҳо ҷиноятҳоро   дар ин самт ошкор сохтаанд.
Оқибатҳои манфии коррупсия ва сари вақт пеши роҳи ин ҳодисаҳои коррупсиониро нагирифтан албатта ба таҳқири аҳолӣ ва монеа эҷод намудан дар фаъолиятҳои онҳо, нобаробарии иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ,  қашшоқ ва паст намудани сатҳи зисту зиндагии қисми бештари аҳолӣ,  зарар овардан ба рушди  соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзиву хоҷагидорӣ ва  пешрафти давлати соҳибистиқлоламон оварда мерасонад.  Аз ин рӯ баҳри ташаккул додани соҳаҳои гуногун ва беҳтару хубтар шудани сатҳи зисту зиндагонӣ ва фаъолияти босамари   аҳолӣ мо ҳама дастҷамъона паи ислоҳ ва бартараф намудани ин камбудиҳои ҷойдошта камар бандем.

                                  

Донишҷӯи гурӯҳи 11, бахши  3- юми 
                            факултети тиббӣ Нозимов Сафаралӣ
                               Роҳбари илмӣ: муаллими кафедраи 
                           “Фанҳои ҷомеашиносӣ”      Сафарова М.Ч.