Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Маърифати сиёсии ҷавонон

Маърифати сиёсии ҷавонон

2017-12-15 /  Автор:Editor /  Диданд:433

 

  Солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонони тоҷик ба сиёсат дар воқеъ афзудааст. Бо роҳандозии барномаҳои махсуси Ҳукумати кишвар дар қиболи ҷавонон, сафи онҳоро дар корҳои сиёсиву ҷамъиятӣ зиёд намудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро соли чавонон эълон намуд. Он гуна, ки дар сиёсату давлатдорӣ ҳеҷ тасмиме бе ҳикмат намешавад, тасвибияти ин қарор низ дар худ ҳикматҳои зиёдеро дошт ва муҳимтарини он таваҷҷуҳ ва бовариии бештар ба ҷавонон доштани Ҳукумати кишварро ифода мекунад.  Аз ҷониби дигар, қабул шудани ин   қарори муҳим тамоми ҷавонони кишварро муваззаф мегардонад, ки пайваста барои ободиву пешрафт ва рушду инкишофи Ватан кӯшиш карда, саҳм гузоранд. Ин худ гувоҳи он аст, ки дар сиёсати давлатдории мо ба ҷавонон ҳамчун қишри асосиву ояндасоз бартарӣ дода мешавад.
  Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахусти соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти  Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.  Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
  Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри дорои афкори тозаву нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи техникаи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати хос медиҳад. Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу  субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.
   «Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд»- таъкид намудааст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
    Бо дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи тозае дар таърихи навин боз шудааст, ки он 23-юми май Рӯзи ҷавонон мебошад. Ташкили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон на танҳо шодию хурсандӣ ва тарабу фараҳмандист, балки натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ватан, кӯмаку ҳамдастии гуруҳҳо ва табақаҳои мухталифи насли ҷавон аст. Ба ин маънӣ кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу нерӯи созандаи ҷавонон умед бастааст. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд. Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳанги қадимии  миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. 
 
Зӯҳра Турсунова, ассистенти
кафедраи забони тоҷикӣ