Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Дарси тарбиявӣ дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона

Дарси тарбиявӣ дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона

2017-12-14 /  Автор:Editor /  Диданд:443


Айни ҳол дар Ҷумҳурии Точикистон масъалаи  даҳсолаи  2018 – 2028 «Об барои рушди устувор» дар маркази таваҷҷуҳи аҳли зиё  қарор дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ  Рахмон ҳалли масоили обро асоси татбиқи босамари ҳадафҳои рушди ҳазорсола, рушди устувор барои ҳама, энергетика барои ҳама, пешбурди «иқтисодиёти сабз», паст кардани сатҳи камбизоатӣ, дастрасии умумӣ ба озуқаворӣ, таъмини санитарӣ ва дигар ҳадафҳои эълоншудаи глобалӣ номида, ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳия ва қабули стратегияҳои мушаххаси маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба идоракунии захираҳои об даъватнамуд.


Қатъномаи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар солҳои 2018-2028 ташаббус ва иқдоми бузурги башардӯстона ба ҳисоб меравад. Дар ҳамин самт донишҷӯёни курси сеюми гурӯҳҳои 2 ва 7 факултети тиббӣ Муминов Сорбон ва Асомиддинова Фарзона презентатсияи муфассал тайёр намуданд, ки ҳамаи самтҳои асосии ин масъаларо фаро гирифт. Баъд аз маърӯза кормандони кафедра ва донишҷӯён дар бораи моҳияти баргузории чунин чорабиниҳо сухан ронда, қайд карданд, ки аз тарафи Ҳукумати ҶТ, махсусан Президенти кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ пешниҳод ва қабул шудани он боиси ифтихори миллӣ аст ва обрӯйи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд хоҳад бурд.

Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакон