Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Мулоқоти ректори донишгоҳ бо коршиноси байналмилалии Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ аз Швейтсария Олга де Хаан ва кормандони Лоиҳа

Мулоқоти ректори донишгоҳ бо коршиноси байналмилалии Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ аз Швейтсария Олга де Хаан ва кормандони Лоиҳа

2017-12-09 /  Автор:Editor /  Диданд:77


Рӯзи 1 декабри соли 2017 ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Гулзода М.Қ. бо коршиноси байналмилалии Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ (Лоиҳа) аз Институти тропикӣ ва нигоҳдории тандурустии ҷамъиятии  Швейтсария Олга де Хаан мулоқот дошт. Дар мулоқот аз ҷониби Лоиҳа инчунин, ҳамоҳангсози миллии Лоиҳа Ярбаева Шаҳло, коршиноси  байналмилалии Лоиҳа оид ба таълим Грета Росс ва аз донишгоҳ муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ Гадоев Б.Ш., декани факултети НТҶ, ҳамоҳангсози донишгоҳии Лоиҳа Носиров Қ.Н. ва сармутахассиси шуъбаи равобити байналмилалӣ Эгамназаров Ҳ.Н. иштирок доштанд.
Ректори донишгоҳ, профессор Гулзода М.Қ. меҳмононро хайрамақдам гуфта, доир ба муҳиммият, амалисозӣ ва натиҷагирию дастовардҳои марҳилаи якум, дуюм ва сеюми Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино доир ба ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ дар факултети тиббии донишгоҳ  ва дастовардҳои умумии донишгоҳ  баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тайёр кардани табибони баландихтисос маълумот дод.
Коршиноси байналмилалии Лоиҳа аз Швейтсария Олга де Хаан барои таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардан, ташаббусу заҳматҳою талошҳои доимии  ректори донишгоҳ ва ҲПО-и донишгоҳ барои амалисозии Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва ислоҳотҳою дастовардҳое, ки баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар донишгоҳ гузаронида шудаанд ва гузаронида шуда истодаанд изҳори қаноатмандӣ ва арзи сипос кард. Аз ҷониби  Олга де Хаан қайд карда шуд, ки боиси тазаккур аст, ки ба пуррагӣ иҷро карда шудани мақсад ва вазифаҳои ба нақша гирифташуда ва дастовардҳои назарраси   марҳилаҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юми Лоиҳа  дар баробари саҳми бевоситаи ректори донишгоҳ, инчунин туфайли заҳматҳои содиқонаю софдилонаи ҳамаи аъзои Гурӯҳи кории донишгоҳӣ,  мудирону  ҲПО-и кафедраҳо, ҳамаи  сохторҳои донишгоҳ, коршиносони байналмилалии Лоиҳа аз донишгоҳҳои  ш. Цюрих, ш. Базели  Швейтсария, ш. Калгарии  Канада ва роҳбару кормандони  Намояндагии Институти тропикӣ ва нигаҳдории тандурустии ҷамъиятии Швейтсария дар Тоҷикистон ба даст оварда шуданд.  Олга де Хаан қайд кард, ки дар доираи Лоиҳа  ва берун аз он дар донишгоҳ таҳти роҳбарии бевоситаи ректори донишгоҳ доир ба ислоҳоти таҳсилоти олии тиббӣ, мутобиқкунонии он ба стандартҳо ва воридшавӣ ба фазои таҳсилоти олии тиббии аврупоӣ ва байналмилалӣ ниҳоят корҳои зиёди судманди назаррас ба сомон расонида шудааст.
Олга де Хаан қайд кард, ки таъсиси Маркази нави омӯзиши малакаҳои амалии донишгоҳ дар ошёнаҳои сеюм ва панҷуми бинои нави таълимии донишгоҳ дар шаҳраки Шифобахш бо стандартҳои байналмилалӣ дар сатҳи ниҳоят баланд ва ҷиҳозонидани он бо технологияи симулятсионии муосир боиси ифтихори донишгоҳ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва барои баланд бардоштан сатҳу сифати малакаҳои амалию муоширатии ксбии донишҷуёну хатмкунандагони донишгоҳ  саҳми арзанда дорад. 
Нақшаи чорабиниҳои муштараки донишгоҳ ва Лоиҳа дар дурнамо баррасӣ карда шуд. Аз ҷониби Олга де Хаан ва кормандони Лоиҳа гуфта шуд, ки барои амалисозии вазифаҳои ба нақша гирифташудаи якҷояи донишгоҳ ва Лоиҳа дар марҳилаи 3-юми Лоиҳа ба мақсади ба охир расонидани ислоҳоти тиббӣ дар донишгоҳ роҳбарияти Лоиҳа донишгоҳро дастгирии ҳамаҷониба менамояд.
Дар фароварди мулоқот, аз ҷониби ректори донишгоҳ, профессор Гулзода М.Қ. ба намояндагони Лоиҳа барои ҳамкории судманд ва дастгирию ҳамдигарфаҳмӣ баҳри тайёр намудани табибони баландихтисоси ҷавобгӯю рақобатпазир дар бозори ҷаҳонии меҳнат,  рушди таҳсилоти олии тиббӣ ва тибби оилавӣ дар  донишгоҳ ва Тоҷикистон арзи сипос изҳор карда шуд.
       
                      
                 

Декани факултети НТҶ, н.и.т., дотсент 
                       Носиров  Қ.Н.