Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Мулоқоти муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ бо мушовири байналмилалии Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ аз Қазоқистон ва кормандони Лоиҳа

Мулоқоти муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ бо мушовири байналмилалии Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ аз Қазоқистон ва кормандони Лоиҳа

2017-12-09 /  Автор:Editor /  Диданд:339


 


Муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавии донишгоҳ Гадоев Б.Ш. рузи 5 декабри соли 2017 бо мушовири байналмилалии Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ (Лоиҳа) аз Донишгоҳи тиббии  Казоқистон-Россиягии Қазоқистон, аъзои кумитаи аккредитатсионии аврупоӣ ва байналмилалӣ Нурманбетова Ф. Ю. мулоқот гузаронид. Дар мулоқот аз ҷониби Лоиҳа инчунин, ҳамоҳангсози миллии Лоиҳа Ярбаева Шаҳло, коршиноси  байналмилалии Лоиҳа оид ба таълим Грета Росс ва аз донишгоҳ декани факултети НТҶ, ҳамоҳангсози донишгоҳии Лоиҳа Носиров Қ.Н. ва сармутахассиси шуъбаи равобити байналмилалӣ Эгамназаров Ҳ.Н. иштирок доштанд. Мақсади мулоқот дар омодагирии донишгоҳ барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани барномаи таълимии факултети тиббии донишгоҳ  буд.
Муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавии донишгоҳ Гадоев Б.Ш. меҳмононро хайрамақдам гуфта, оиди дастовардҳои донишгоҳ дар доираи Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва берун аз он доир ба ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ дар факултети тиббии донишгоҳ  ва дастовардҳои умумии донишгоҳ  баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим маълумот дод. 
Мушовири байналмилалии Лоиҳа аз Қазоқистон Нурманбетова Ф. Ю. барои дар сатҳи баланд амалисозии Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ, мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва ислоҳотҳою дастовардҳое, ки баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар донишгоҳ гузаронида шудаанд ва гузаронида шуда истодаанд изҳори қаноатмандӣ кард. Аз ҷониби  Нурманбетова Ф. Ю. қайд карда шуд, ки дар натиҷаи фаъолияти мутақобилаи судманди раёсат, кормандону омўзгорони донишгоҳ таҳти роҳбарии бевоситаи ректори донишгоҳ, профессор Гулзода М.Қ. бо роҳбарияту кормандон ва коршиносони Лоиҳа аз Швейтсария ва Канада донишгоҳ доир ба мутобиқкунонии таҳсилоти олии тиббӣ  ба стандартҳо ва воридшавӣ ба фазои таҳсилоти олии тиббии аврупою байналмилалӣ,  ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Дар мулоқот нақшаи чорабиниҳои якҷояи донишгоҳ ва Лоиҳа  доир ба омодагирии донишгоҳ барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани барномаи таълимии факултети тиббии донишгоҳ  баррасӣ карда шуд. Аз ҷониби Нурманбетова Ф. Ю. ва кормандони Лоиҳа қайд карда шуд, ки барои амалисозии вазифаҳои ба нақша гирифташудаи якҷояи донишгоҳ ва Лоиҳа, роҳбарияти Лоиҳа донишгоҳро  дастгирии ҳамаҷониба  менамояд. Инчунин, ба нақша гирифта шуд, ки  дар рузҳои 5-7 декабри соли 2017 аз ҷониби мушовири байналмилалии Лоиҳа аз Қазоқистон Нурманбетова Ф. Ю. бо роҳбарону кормандони сохторҳои донишгоҳ доир ба аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани барномаи таълимии факултети тиббии донишгоҳ  семинарҳо, мизҳои мудаввар ва мулоқотҳо гузаронида мешавад.
Дар охири мулоқот, аз ҷониби муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавии донишгоҳ Гадоев Б.Ш. ба мушовири байналмилалии Лоиҳа Нурманбетова Ф. Ю. ва намояндагони Лоиҳа барои ҳамкории  судманд ва дастгириии ҳамаҷонибаи донишгоҳ  арзи сипос карда шуд.
       
                       
               

 Декани факултети НТҶ, н.и.т., дотсент 
                       Носиров  Қ.Н.