Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Зарипов Сӯҳробҷон оид ба таэквондо соҳиби ҷоми ҷаҳон гашт

Зарипов Сӯҳробҷон оид ба таэквондо соҳиби ҷоми ҷаҳон гашт

2017-12-09 /  Автор:Editor /  Диданд:512

  Зарипов Суҳробҷон Рустамҷонович

    Дар санаи 3.12. с.2017 дар ш. Минск донишҷӯи курси 2-юми факултети стоматологӣ Зарипов Суҳробҷон Рустамҷонович  дар ҳайати дастаи 6 нафараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазни 64,0 кг. дар байни калонсолон  ғолиб гашта, соҳиби медали тилло ва  Ҷоми ҷаҳон  гаштааст. Инчунин Зарипов С.Р. дар мусобиқаи инфиродӣ дар вазни  64,0 кг. дар байни калонсолон ҷойи дуюмро ишғол намуда соҳиби медали нуқра   гаштааст. 
Бояд қайд намуд, ки Зарипов Суҳробҷон  Рустамҷонович инчунин ғолиб ва ҷоизадори Чемпионати ҷаҳон ва Чемпионати Осиё дар байни наврасон, узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ мебошад.

   

 Декани факултети
     стоматологӣ,  н.и.т., дотсент
     Субҳонов С.С