Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Озмоиши лоиҳаи кафедраи биологияи тиббӣ ва генетика дар ОМИТ

Озмоиши лоиҳаи кафедраи биологияи тиббӣ ва генетика дар ОМИТ

2017-11-11 /  Автор:Editor /  Диданд:39


        
Дар ҳамкорӣ бо кафедраи биологияи тиббӣ ва генетика, ҷиҳати гузаронидани қисми озмоишии  корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра  дар мавзӯи “Омӯзиши саҳми ҳуҷайраҳои хун дар мавриди мутобиқшавии организми шахсони  минтақаҳои гуногуни климато-географӣ” аз донишҷӯёни курси якуми факултаи тиббӣ барои таҳлили умумии хун гирифта шуданд. Донишҷӯён ба гурӯҳ тақсим карда шуданд. Гурӯҳи якумро донишҷӯён аз минтақаҳои баландкӯҳ (ноҳияҳои Бадахшон, Мастчоҳи Кӯҳӣ), гурӯҳи дуюмро донишҷӯён аз минтақаҳои миёнакӯҳ (шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи Марказ, шаҳри Кулоб) ва гурӯҳи сеюм аз  донишҷӯён аз минтақаҳои ҳамворӣ ҷумҳурӣ ( ноҳияи Мастчоҳи Нав, Зафаробод) иборат буданд. Тавре ташхисҳо нишон медиҳанд тағъирёбии формулаи лейкоситарии донишчӯёни минтақаҳои номбаркардашуда ҳангоми адаптатсия ба мушоҳида мерасанд.    Ин давраи якуми тадқиқот буда, давраи дуюм моҳи марти 2018с ба нақша гирифта шудааст. 

Кафедраи биологияи тиббӣ ва генетика