Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Машғулиятҳои амалии кафедраи физиологияи патологӣ дар ОМИТ

Машғулиятҳои амалии кафедраи физиологияи патологӣ дар ОМИТ

2017-11-11 /  Автор:Editor /  Диданд:47

  
28.10.17с дар ҳамкорӣ бо кафедраи физиологияи патологӣ дар ОМИТ аз рӯи нақшаи пешбинишуда машғулиятҳои амалӣ барои донишҷӯёни курсҳои  сеюм дар ҳайвонотҳои озмоишӣ (қурбоққа) оғоз гардиданд. Дарсҳои амалӣ дар мавзӯъҳои: “Муайян намудани чор давраи вайроншавии хунгардиши микросиркуляторӣ дар манбаи газакнокӣ” (таҷрибаи Конгейм), ва “Протсесси ҳосилкунии тромби дохилӣ (суддаи сафед) дар шараёнҳои рӯдаҳо ва эмболияи чарбуии шараёнҳои давраи калони хунгардиш” гузаронида шуда донишҷӯён ҷараёнҳои вайроншавии хунгардиши ноҳиявӣ, вайроншавии мубодилаи обу намак ва ҷараёнҳои газакро меомӯзанд. 

Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ