Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Машғулиятҳои амалӣ дар ОМИТ

Машғулиятҳои амалӣ дар ОМИТ

2017-10-13 /  Автор:Editor /  Диданд:50

Кафедраи фармакология дар ОМИТ рӯзи 09.10.17с тибқи нақшаи машғулиятҳои амалӣ барои донишҷӯёни курсҳои  сеюм (факултетҳои тиббӣ, стоматологӣ, фармасевтӣ ва педиатрӣ) пешбинишударо дар ҳайвоноти  озмоишӣ (қурбоққа) оғоз намуд. Машғулиятҳои амалӣ аз рӯи 8 мавзӯъ дар муддати 30 рӯз гузаронида мешаванд. Дарсҳои амалӣ бо иштироки бевоситаи мудири кафедра дотсент М.В. Урунова ва  кормандони кафедра: профессор. Ишанкулова Б.А., дотсент Юлдашева У.П., ассистентҳо Халилова Ш.Н, Музаффарова М.Ҳ., Насруллоева М.Х, Чуклина Е.О. дар мавзӯъҳои “Таъсири атропин ва пилокарпин ба дили қурбоққа, таъсири пилокарпин ба чашми қурбоқоқа, таъсири обҷӯши никотин, таъсири адреналин ба  чашм ва ба кори дили қурбоққа, таъсири адсорбентии ангишти фаъол, муқоисаи маҳлулшавии анестезин ва новокаин, таъсири хардалкоғаз (горчичник) ба пӯст” гузаронида шуд.  Ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои амалӣ дар ҳайвоноти озмоишӣ  донишҷӯён таъсири доруҳоро дида бештар ва хубтар азхуд менамоянд.  

Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ