Loading...

АСОСӢ
АХБОР
ТААССУБИ ДИНӢ ВА МАФКУРАИ ДУНЯВӢ ДАР МАЪНАВИЁТИ СОКИНОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТААССУБИ ДИНӢ ВА МАФКУРАИ ДУНЯВӢ ДАР МАЪНАВИЁТИ СОКИНОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

2017-10-12 /  Автор:Editor /  Диданд:218

 Кафедраи фанҳои ҷомеашиноси (мудири кафедра д.и.ф., профессор А.С. Саидов) - и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Имрӯзҳо дар кишварҳои Ироқ, Сурия, Лубнон ҳаракате бо номи “Исломгароӣ” ташкил шудааст, ки пайравони он бо баҳонаи муҳофизати ислом кушторҳои оммавӣ ташкил мекунанд. Мутаассифона аз Тоҷикистон низ тақрибан 200 нафар шомили ин ҳаракат шудаанд. Тибқи таҳлилҳо муҳимтарин сабабҳои  гаравиши ҷавонон ба ин ҳаракат инҳоянд:
1. Бархе аз ҷавонон ба Русия ва дигар кишварҳо ба мардикорӣ рафта, дар он ҷойҳо фирефтаи гурӯҳҳои ифротгаро мешаванд. Бино бар иттилои расмии нашршуда, дар сомонаи Вазорати умури дохилаи Русия, мақомот ҳангоми боздошт аз як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон шумораи 265-уми маҷаллаи “Ал-Вайъ”- ро, ки моҳи феврали соли 2009 нашр шуда, моҳи апрели соли 2011 аз тарафи додгоҳи шаҳри Нефтеюгански вилояти Тюмен чопи он манъ эълон шудааст, кашф ва мусодира кардаанд. Бино бар ин манбаъ, тафтишот маълум кардааст, ки ин шаҳрванди дастгиршудаи Тоҷикистон рӯзи 27 сентябри соли равон дар масҷиди таърихии Маскав шабномаҳоро паҳн кардааст. Ин шабномаҳо ба пайвастан ба Ҳизб-ут-Таҳрир ва муқовимат бо ҳукумати кунунӣ даъват мекард [2].
«Ҳизб-ут-таҳрир» як гурӯҳи пинҳонкори мазҳабист, ки ҳанӯз солҳои 50-уми асри гузашта дар сарзамини Фаластин таъсис ёфта, барои сохтани хилофати ягонаи исломӣ мубориза мебарад. Фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистону Россия расман манъ шудааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки то имрӯз беш аз 500 узви «Ҳизб-ут- таҳрир»- ро дар ин кишвар боздошт ва зиндонӣ кардаанд. Бештари тарафдорони ин гурӯҳ дар Тоҷикистон узбекзабонҳоянд ва бисёре аз аъзои «Ҳизб-ут-таҳрир» ба хотири раҳоӣ аз таъқиби мақомот маъмулан ба Россия фирор мекунанд. Вале чанд мавриди боздошти шаҳрвандони тоҷик дар он кишвар бо гумони  ҳамкорӣ бо “Ҳизб-ут-таҳрир” нишон медиҳад, ки ин афрод дар Россия низ, ба таъбири мақомоти ин кишвар,“аз амали террористи” - и худ даст накашидаанд [3].
Кашфи парчами ҷамоати дигари мазҳабӣ бо номи "Ансоруллоҳ» дар вақти амалиёт алайҳи гурӯҳи Мулло Абдулло дар минтақаи Рашт, гумонҳо дар бораи мавҷудияти ин созмонро ба яқин расонидааст. Дар натиҷаи тадқиқот маълум гардид, ки фармондеҳи ин гурӯҳ Мулло Амриддин ном шахси 60 – сола буда, ӯ зодаи деҳаи Ғуломони ноҳияи Нуробод будааст. Ҳаракати мазкур соли 1992 дар Афғонистон таъсис ёфта, он тамоми ҳизб ва гурӯҳҳои зиддиҳукуматии он давраро дар бар мегирифт. Баъди имзои Созишномаи сулҳ  фаъолияти ин ҷамоат қатъ шуд.
Зубайдуллои Розиқ аз ҳизби ҳоло фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуи Наҳзати исломӣ, ки бо мулло Амриддин баҳори соли 1997 дар Теҳрон мулоқот доштааст, ӯро як шахси тақводору баинсоф ва ошкоргӯй ба ёд меорад, ки новобаста ба мавқеи ҳамсӯҳбаташ, ақидаашро ошкор мегуфт ва ибо намекард. Вай афзуд, аммо замоне, ки дар Покистон ба сар мебурд, бо ҷомеаҳои дигар робита пайдо кард ва аз раванди сулҳ бо ҳукумати Тоҷикистон низ чандон розӣ набуд: «Аз мактаби устод Нурӣ, аз хатти наҳзат берун рафтанд. Масалан, як ҷамоа буд бо номи «Ҷамоати такфир». Инҳо гурӯҳе ҳастанд, ки барои андак лағжиш ё рафтори ғайриисломӣ, зуд ҳукм ба «куфр» мекунанд. Ман эҳсос мекардам, ки он кас зери таъсири ҳамон рафтаанд. Бо демократия, давлати дунявӣ созиш карданро қабул надоштанд. Далелҳои худашонро меоварданд. Ба назарам, нуктаи аслии мухолифаташон бо устод ва ҳизб ҳамин буд».
Ба қавли ҳамсӯҳбатони ба мухбири радиои Озодӣ хабардода, роҳи Мулло Амриддин ба Афғонистону Покистон аз Душанбе мустақим набудааст. Қабл аз ҷанги шаҳрвандӣ, ӯ барои таҳсил ба Миср рафт ва соли 1993 ба Афғонистон омада, ба Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон пайваст. Пас аз ихтилоф бо раҳбарони ИНОТ ба Покистон рафта, соли 1997 бо кӯшишҳои Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба Теҳрон ва аз он ҷо ба Тоҷикистон оварда шуд. Аммо соли 1999 дар пайи як ихтилоф бо       Зубайд ном қумандони мухолифон аз Нуробод, дигарбора бо роҳҳои расмӣ ба Покистон бармегардад. 
   Саидумар Ҳусайнӣ, ки солҳои 1995-1996 шахсан ба манзили Мулло Амриддин дар минтақаи Бабуи наздики шаҳри Пешовари Покистон рафтааст, мегӯяд, он замон ӯ саргарми ақидаҳои «Ҷамоати такфир» буд ва дар баробари номи раҳбарони Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон алфози қабеҳ, аз ҷумла «кофир»-ро зикр мекард. Вай афзуд, соли 1998 ҳангоми яке аз амалиёти ҳукумати Покистон алайҳи «Ҷамоати такфир», фарзанди Мулло Амриддин ҳам кушта шудааст [8].
 Сабаби дигари гаравиш ба ифротгароӣ ин афтидани ҷавонони бетаҷрибаи ҳаётӣ  ба зери таъсири марказҳои ташвиқотии  алоҳида, давлатҳои Исломӣ мебошад. Бар асари ин ташвиқот чандин нафар аз кишварҳои Осиёи Миёна бо баҳонаи ҷиҳод дар роҳи Ислом ба хориҷи кишвар тавассути Туркия рафта, аз он ҷо ба кишварҳое дигар чун Ироқ ва Сурия мераванд. Он ҷавонон то андозае фирефтаи пропаганда мешаванд, ки ҳатто аз куштори инсонҳои дигар рӯ наметобанд. Онҳо бар асари пропаганда фаромӯш кардаанд, ки «набояд байни динҳо, мазҳабу ҷараёнҳои динӣ зиддияту рақобат бошад. Зеро решаи ҳамаи динҳо як аст: баробарӣ, бародарӣ, инсондӯстӣ ва тоату ибодат ба Худо. Кас ҳайрон мешавад, ки ин куштори оммавӣ ба кадом хотир иҷро мешавад». Дар замони Шуравӣ ҳамагӣ 30 нафар аз Тоҷикистон ба Хонаи Худо рафта, дар давраи истиқлолият 2000 нафар шаҳрвандони кишварамон он ҷоро зиёрат кардаанд.
 «Мо то ҳоло ҷойнамози ягон касро ҷамъ карда нагирифтем ва ягон касро аз намозхонӣ боз надоштаем»- гуфта буданд, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Касе намоз хонад марҳамат, лекин байни одамон низову нифоқ ва иғво наандозад [5]. Мо дар сарҳади Афғонистон зиндагӣ дорем ва набояд таърихи онро такрор кунем. Бо меҳнати аҳлона Ватанамонро бояд обод кунем [7].
Ин дар шароитест, ки дар кишвари Исломии Афғонистон қариб ҳар рӯз таркиш ва ҳамлаҳои террористӣ содир карда мешаванд. Бахусус ҳодисаҳои охири дар ин кишвар ба амал омада, боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст. Мақомоти Афғонистон моҳи марти соли 2015 хабар доданд, ки Фархунда, ном як зани 27-солае, ки  дар Кобул аз ҷониби издиҳоме бо гумони сӯзонидани китоби “Қуръон” кушта ва сӯзонида шуд, вале дар асл гуноҳе надоштааст. 
Нурулҳақ Улумӣ - вазири умури дохилии Афғонистон дар парлумон гуфт, таҳқиқот нишон дод, ки ҳамла бар зидди ӯ комилан беасос будааст. Фархунда як духтари мазҳабӣ буд ва дар сӯзондани “Қуръон” ҳеҷ даст надошт. Ӯ бегуноҳ будааст.
Генерал Зоҳир - раиси бахши ҷурми ҷиноии Вазорати дохилаи Афғонистон рӯзи 24 - уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки то имрӯз бо иттиҳоми даст доштан дар лату кӯби Фархунда 28 нафар дастгир шуда, 20 афсари пулисро ҳам ба далели нотавонӣ дар амри ҳимояи ин зан аз ҳамлаи издиҳом таҳти бозҷӯӣ қарор додаанд. Аз ин шумор 13 афсари пулис, бо шумули фармондеҳи пулиси маҳалле, ки ин зан кушта шудааст, то анҷоми таҳқиқот ба далели нотавонӣ дар амри ҷилавгирӣ аз ҳамлаи издиҳом аз кор барканор шудаанд.
Ба гуфтаи генерал Зоҳир, як фарзияи асосӣ дар дасти тафтишот ин таҳрики издиҳоми мардумест, ки аз тарафи рӯҳоние, ки дар мазори назди масҷиди “Шоҳи душамшера”- и Кобул тӯмор мефурӯхт. Шоҳидон мегӯянд, Фархунда зани таҳсилкарда буд ва қабл аз қатлаш чанд бор бо муллое, ки дар ин мазор тӯмор медод, аз ҷумла “тӯмори ишқ”, баҳс кардааст, ки ин кори шумо хилофи ислом аст ва шумо кори хубе намекунед. Ӯ ҳамчунин хонумҳоеро, ки барои тӯмор ба ин ҷо меомаданд, насиҳат мекардааст, ки бахти хешро аз Худои хеш талаб кунед, на аз чунин муллоҳои тӯморфурӯш. Зоҳиран ӯ бо ин корҳояш манфиати он муллоҳоеро, ки дар ин мазор “тиҷорат”- и тӯмор доштанд, халалдор кардааст ва он рӯз яке аз ин муллоҳо, ки ҳоло дастгир шуда, ба гуноҳаш эътироф  ҳам кардааст, мардумро  алайҳи Фархунда шӯронидааст.
Барои ин корашон Фархундаи 27-сола рӯзи 19 марти соли 2015  дар назди масҷиди “Шоҳидушамшера”- и пойтахти Афғонистон аз ҷониби мардуми ифротгарое, ки ӯро ба сӯзондани китоби муқаддаси “Қуръон” гунаҳкор карданд, номбурдаро аввал то куштан латукӯб намуда,  сипас издиҳоми ифротӣ ба ин қаноат накарда, ҳатто ҷисми  беҷони ӯро сӯзонда, сипас онро ба дарёи Кобул андохтанд. Нурулҳақ Улумӣ дар парлумони Афғонистон гуфт,“ин хеле дардовар аст, ки мо натавонистем аз ин ҷавони диндор ҳимоят кунем. Мо умедворем, ки чунин кор дигар ҳеҷ гоҳ такрор намешавад”.
Марги Фархундаи ноком ҳатто сухангӯёни ҳаракати «Исломии Толибон»-ро низ ба риққат оварда буд. Толибон қатл ва сӯзонидани Фархундаи 27-сола аз ҷониби издиҳоме дар Кобул ба гумони оташ задании Қуръони каримро маҳкум карда, гуфтаанд, ки иштирокчиёни онро башиддат ҷазо хоҳанд дод. Рӯзномаи "Экспресс Трибун", чопи Покистон, ба нақл аз Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон навиштааст, ки ин гурӯҳ қатли Фархундаро ваҳшиёна хондааст. Ин сухангӯи Толибон ба ин нашрияи Покистонӣ гуфтааст, "акнун собит шуд, ки ин як амал тавассути чанд нафар содир шудааст. Мо тавтиа болои як инсони бегуноҳ дар мавриди оташ задани Қуръони каримро маҳкум мекунем. Мо ҳамчунон барои хонаводааш тасаллият арз менамоем" [1].
Маҳфили «Ҷаҳони андеша»- и Академияи Улуми Тоҷикистон ҳодисаи лату кӯб ва куштори Фархундаро, ки то дами марг расонида шуда буд баҳс хоҳад кард. Шодӣ Атоӣ, узви ин маҳфил 3- юми апрели ҳамон сол ба Радиои Озодӣ гуфт, ки маҳфили навбатӣ таҳти унвони «Марги даҳшатбори Фархунда дар Афғонистон ва ҷаҳолати таассубангез» рӯзи 8-уми апрел баргузор хоҳад шуд ва дар он донишмандон, коршиносону пажуҳишгарон ширкат хоҳанд кард.
Ӯ афзуд, ҳадафи аслии ба баҳс кашидани сарнавишти талхи Фархунда огоҳ кардани мардум дар баробари эҳтимоли ҳамин гуна хатарҳо, яъне таассуби диниву ноогоҳӣ ва ҷаҳолат дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Ба гуфтаи Шодӣ Атой, дар ҷомеаи Тоҷикистон низ таассуб ба таври ҷиддӣ ҷой дорад, вале пинҳон аст. Мавзӯи баҳси сарнавишти Фархундаро шоираи тоҷик Адибаи Азиз ба маҳфили “Ҷаҳони андеша” пешниҳод намуд ва гузориши асосиро низ дар маҳфил  худи ӯ ироа хоҳад кард .
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон куштан ва сипас сӯзондани ҷасади Фархундаи 27-соларо дар Кобул ба гумони оташ задани Қуръони карим маҳкум кард ва онро "тундгароӣ" ва "амали мутаассибон" номид. Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, рӯзи 26 март дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт: "Ин амал ҳаргиз аз Қуръон ва барои дифоъ аз китоби муқаддаси мусулмонон  нест, балки баръакс бар мухолифаш аст" 
Номзади илмҳои техникӣ, академики байналхалқии академияи инженерӣ Сироҷов Баҳром аз хотираҳои хеш аз таърихи сохтмони НОБ Роғун дар замони бозсозии Шуравӣ ин тавр  ёдовар шуда буданд: «7 ҳазор одам дар Комсомолобод митинг ташкил намуда, ҳамаи онҳо бо шиддат талаб доштанд, то сохтмони ГЭС-и Роғун ба тамом боздошта  шавад. Маро дар қатори дигар намояндагони идораҳои дахлдор ба ин манотиқ фиристониданд. Аз байни издиҳоми одамони ба гирдиҳамоӣ ҷамъшуда яке аз зиёиён баромад карда, ба ман гуфтанд, ки мо бояд барои 1 квт истифодаи қувваи барқ ҳамагӣ 1 тин супорем, аммо кормандони ширкати барқи шумо аз мо 4 тин мегиранд. Ба он кас гуфтам, ки инашро мо ҳатман месанҷем ва агар маблағи зиёдеро кормандони мо аз Шумо гирифта бошанд, пас ман назди ин қадар одам кафил мешавам, то пулҳоятонро бозпас ба Шумо баргардонем ва он ашхоси ба ин кор дастдошта, ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Аммо агар мабодо шумо муаллим ноҳақ бароед, пас аз кормандони мо бахшиши расмӣ пурсед. Баъди ду ҳафта ба ман газетаи «Ҳақиқати Комсомолобод» - ро оварданд ва дар он мақолае бо номи «Муаллими барқдузд» чоп шуда, он дар бораи он шахс муфассал маълумот дода буд. 
 «Бар зидди НОБ Роғун  клуби  телевизионии «Рӯ ба Рӯ», «Растохез» баромад карда, лоиҳаи Роғун барои онҳо чун нишонаи сохти коммунистӣ  ва мавриди танқид буд ва бо эҳсосоти махсус  перомуни он сухан мекарданд»- навишта буд доктори илмҳои таърих В. Дубовитский дар Конфронси оби  Душанбе дар соли 2010. 
Баъзе аз ватандӯстони қалбакӣ таҳти роҳбарии доҳиёни хеш ҳатто шиори «Нест бод НОБ-и Роғун» - ро  бардоштанд. Бар асари ин ҳодисаҳои номатлуб  ҳукумати иттифоқ (СССР) солҳои 1989, 1990 танҳо нисфи маблағгузории онро барои Роғун ҷудо намуду халос. Натиҷаи ҳамаи ин кашмакаши дохилӣ,  сабаби кам шудани маблағгузорӣ аз маркази Иттифоқ  шуда, оянда ин амал боиси он гардид, ки ба кор даровардани ду агрегати НОБ-и Роғун аз тамоман номумкин шуд [6].
Аз ҳама талхаш он буд, ки қисми мардум зери шиори исломгароён афтида,  бо ҳамин худро  чи зану чи мард аз ватан ғариб намуда, дар изофа бар ин  мардуми тоҷикро солиёни дароз бе рушноӣ ва гармӣ монданд [6].
Танҳо дар моҳи августи соли 2014 баъди 3,5 соли баҳодиҳии техникӣ - иқтисодӣ ва баҳои таъсири экологии НОБ - и Роғун Бонки ҷаҳонӣ «Қарор дар бораи бехатарии лоиҳаи он ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ аст» - ро қабул намуд. 
Агар НОБ - и Роғун сохта мешуд мардикорӣ ба кишварҳои хориҷ шояд барҳам мехурд ва агар мешуд ҳам аз миқдори имрӯза камтар мешуд. 
Бар асари далоили болоӣ  мавзӯъро ҷамъбаст намуда ба хулосаҳои зерини конкретӣ омадан мумкин аст:
1. Пеш аз ҳама зиёиён ва умуман тамоми сокинони Тоҷикистон бояд аз таърихи гузаштаи на чандон дури худ ва давлатҳои дар боло номбурдаи Исломӣ сабақҳои ҷиддӣ гирифта, дар навбати аввал бояд рӯ ба омӯзиши илм ва инкишофи маориф оваранд ва дар баробари ин баробарии дину дунёро эътироф намоянд.
2. Ҳеҷ кас минбаъд набояд дар кишвар манфиати шахсии худро аз манфиатҳои умумимиллӣ боло гузорад. Бар сари ҳокимият бояд каси лоиқ на бо митингу фишороварӣ ва истифодаи силоҳ, балки тавассути интихоботи озод ва одилонаву шаффоф ояд.
3. Дар шароити соҳибистиқлолии  кишвари азизамон тамоми мардуми  Тоҷикистонро зарур аст, пеш аз ҳама мафкураи хешро вобаста ба ҷаҳони дар ҳоли мутағайир ҷиддан дигаргун  намоянд, вагарна моро боз мисли солҳои 90-уми асри ХХ  эҳтимолияти аз нав пешпо хӯрдан вуҷуд дорад. 

АДАБИЁТ

1. Муф. оиди қатли Фархунда ниг. "Ваъда"- и ҷазо ба омилони қатли Фархунда аз ҷониби Толибон
2. Радиои Озодӣ.-14.11.2013 18:02 .
3.Дар ҳамон ҷо
4. Радиои Озоди, Cешанбе, Март 31, 2015.
5. Саидов С. Аз ифротгароӣ- ҳазар!- Ваҳдат №3, феврали соли 2015.
6. Сирожев.Б. Кто не дал СССР  построитҷ Рогунская ГЭС?- Народная газета, 2015, 25 февраля.
7. Тоҳиров  С. Аз ифротгароӣ - ҳазар!- Ваҳдат №3, феврали соли 2015.
8.Фарҳоди Милод. Мулло Амриддин кист? – Радиои Озодӣ, 23.05.2011 18:35


Э. Ҳоҷибеков, З. Абдураҳмонов,

кафедраи фанҳои ҷомеашиноси