Loading...

АСОСӢ
АХБОР
ПАЙДОИШ ВА МОҲИЯТИ «ДАВЛАТИ ИСЛОМИИ ИРОҚ ВА ШОМ (ЛЕВАНТА)»

ПАЙДОИШ ВА МОҲИЯТИ «ДАВЛАТИ ИСЛОМИИ ИРОҚ ВА ШОМ (ЛЕВАНТА)»

2017-10-11 /  Автор:Editor /  Диданд:232

Дар ташаккули ба ном «Давлати исломӣ» гурӯҳи «Ал-Қоида» ва саҳми бевоситаи террористи дараҷаи байналмилалӣ Абу Мусоба аз-Зарқавӣ хеле зиёд мебошад. Сараввал гурӯҳи «Шӯрои муҷоҳидин» (соли 2006) ташкил шуда, баъдтар ба он гурӯҳҳои «Ҷайш ат-Тайфа ал-Мансур», (Артиши ҷамоаи ғолиб),  «Ҷайш аҳлу-с-Сунна ва-л-Ҷамоа» (Артиши аҳли суннат ва ҷамоат), «Ҷайш ал-Фотеҳин» (Артиши ғолибон) ва  «Ҷунд ас-Саҳоба» (Артиши саҳобагон) ва ба ин монанд боз ба ҷамъи 11 гурӯҳҳои радикалии исломӣ ворид шуда, 15-уми октябри соли 2006 ,   «Давлати исломии Ироқ» (ДИИ)- ро таъсис доданд. 
Дар солҳои пас ба ин ташкилот гурӯҳҳои хурди исломӣ, чун «Ансор-ат-тавҳид», «Ал-Ғураба», «Ҷиҳоди Исломӣ», «Ҷамоа ал-Мураббитин», «Ансор-ат-Тавҳид ва-с-Сунна», «Фурсон ат-Тавҳид», «Ҷунди миллати Иброҳим» низ шомил шуда буданд. Аввалин пешвои сиёсии ДИИ Абу Умар ал-Бағдодӣ таъйин гардид.                                                                                                       
          Ин  «давлат» 9 уми апрели  соли 2013 ба худ номи нав ба забони арабӣ «Давлату-л Ироқийати ва Шомия» (Давлати Исломии Ироқ ва Шом (Леванта)-ро   гирифт. Дар соли 2013 ҷангиёни ДИИШ  бар зидди режими Башор Асад аз ҷониби қуваҳои зиддиҳукуматӣ ворид шуда буданд. 
Ин амали онҳо боиси афзоиши норозигӣ байни роҳбарияти гурӯҳи «Ал-Қоида» ва «ДИИШ» гардид. Сарвари гурӯҳи «Ал-Қоида»  Завоҳирӣ аз роҳбарони «ДИИШ» талаб намуд, то онҳо хоки Сурияро тарк карда, бо отрядҳои ҷангии худ ба Ироқ баргарданд. Аммо ҷангиёни «ДИИШ»ба ин амри  Завоҳирӣ  итоат накарда, фаъолияти худро мустақилона дар Сурия  давом доданд. Дар натиҷа «намояндаи Қонунии» гурӯҳи Ал-Қоида «Ҷабҳат- ан-Нусра» эълон гардид [1].
Моҳи феврали соли 2014 роҳбарияти гурӯҳи «Ал-Қоида» эълон намуд, ки онҳо минбаъд «ДИИШ»- ро дастгирӣ намекунанд. Баъди ин ҳодиса барои доираи нуфуз ҷангҳои шадид  байни «ДИИШ»  ва «Ҷабҳат ан-Нусра»- и гурӯҳи «Ал-Қоида» дар Сурия сар шуда, танҳо дар соли 2014 бар асари он ҷангҳо 1800 нафар ҷангиёни ҳар ду тараф кушта шуданд [1].
Моҳи январи соли 2014 ҷангиёни «ДИИШ» муносибати сахту шадид нисбати салафиёнро пеш гирифта (чун салафиён дар «Ал-Қоида» таъсири калон доранд), ки ин боиси  задухӯрди яроқнок байни ҷангиёни «ДИИШ» ва гурӯҳҳои Суриягии  «Ҷабҳат-ан-Нусра» - шӯъбаҳои «Ал-Қоида» дар Сурия гардида, бо ҳамин  то 3 ҳазор нафар ҷагиён аз ду тараф ба ҳалокат расиданд.
Пешвои «Ал-Қоида» Имон Завоҳирӣ  моҳи феврали соли 2014 эълон намуд, ки «ДИИШ» дигар ба «Ал-Қоида» таалуқ надорад, аммо баъди ташкил шудани коалитсияи байналмилалӣ бар зидди «ДИИШ» гурӯҳи «Ал-Қоида»  ва итифоқчиҳои он ҷангро бо «ДИИШ» қатъ намуда, ночор бар  зидди ин коалитсия муваққатан муттаҳид шуданд.
Гурӯҳи ҷангиёни «ДИИШ», махсусан дар тобистони соли 2014 ,беҳад фаъол гардида,  ҳуҷумро дар шимол ва шимолу ғарби Сурия (Курдистон) сар намуданд. 10-уми июни соли 2014 онҳо бо роҳбарии қумондони саҳроӣ Тархон Батирашвилии гурҷистонӣ аввал шаҳри Мосул (дуюмин шаҳри бузурги Ироқ), рӯзи дигар шаҳри Тикрит (зодгоҳи Саддом Ҳусейн) забт карданд.
Чуноне ки маълум аст, дар охири моҳи июни соли 2014 ҷангиёни «ДИИШ»  давлати худ бо номи «Хилофат»-ро эълон намуда, ҳудуди  онро аз шаҳри Ҳалаби шимоли Сурия то музофоти Диялаи Ироқи шарқӣ муайян карданд. 3 августи соли 2014   ин гурӯҳ дастаҷамъона ду кони калони нафтро дар Ироқ ба дасти худ дароварданд. 
Санаи 29-уми июни соли 2014  «Давлати Исломии Ироқ ва Шом» «Хилофат» эълон гардида, «халифа»-и он сарвари ҷангиён Абдуллоҳ Иброҳим ас-Самароӣ, ки бештар бо номи Абу Бакр ал-Бағдодӣ маълум буд,  эълон гардид. Аммо «Хилофат»-ро ягон давлати ҷаҳон ба расмият нашинохтааст.            
Баъди ташкили ҳукумат, гурӯҳи «ДИИШ» дар музофоти Раққои Сурия ва ситоди асосии он дар ин шаҳр воқеъ аст,  баъзе аз аъзоёни хориҷии ин гурӯҳ эълон намуданд, ки онҳо акнун  ба табаият эҳтиёҷ надоранд. Қисме аз онҳо намоишкорона шиносномаҳо (паспортҳо)-и кишвари худро ё сӯзониданд ва  ё   онҳоро зери сабти навори видео дарронида партофтанд. Масалан, дар видеоролики «ДИИШ» нишон дода шуд, ки чӣ тавр сокини собиқи Федератсияи Россия  бо номи нави худ - Абу Зубайр ар-русӣ ин амалро иҷро намуд. 
Мувофиқи таҳлили коршиносон ва гуфтаҳои саркардагони Хилофат, «ДИИШ» мақсад дорад, то доманаи амалиёташро баъди Сурия ба Арабаситони Саудӣ кучонида ва аз он ҷо доираи фаъолияташро ба дигар давлатҳои ҷаҳон  паҳн намояд.  
Бояд таъкид намуд, ки гурӯҳи ҷангиёни «ДИИШ» на танҳо дину мазҳабҳои дигар, балки ҳатто пайравони ҷараёни салафияро дар Ислом низ бад мебинанд. Вале роҳбарияти ин гурӯҳ корҳоеро дар оянда амлӣ кардан мехоҳад, ки онҳо, ҳатто гӯшу хаёли тарафдорони салафия наомадаанд. Чунончи, яке аз пешвоёни гурӯҳи «ДИИШ»  Абу Туроб Муқаддасӣ эълон намудааст, ки «мо бо иҷозати Оллоҳ Каъба (хонаи Худо)-ро дар Макка  бо роҳбарии шайхамон ал-Бағдодӣ вайрон мекунем ва ҳатто  ҳоҷиёни аз тамоми дунё  он ҷо омадаро низ қатл хоҳем кард. Чунки ин нафарон ба Макка на ба хотири Оллоҳ, балки танҳо барои даст расонидан ба санги сиёҳ меоянд». 
Тирамоҳи соли 2014 чунин хабарҳо пайдо шуданд, ки гуйё «ДИИШ» барои ҳамла намудан ба ноҳияҳои сарҳадии Эрон маблағ ҷамъ меорад, ҳарчанд сарвари ВКД Эрон Абдул Ризо Фазлӣ ин маълумотро рад намуда буд. Аммо мувофиқи маълумоти ВКД-и Эрон ин гурӯҳ аҷаб нест, ки вақтҳои наздик ба Эрон низ ҳамла намояд. Мутобиқи ахбори баъзе аз сарчашмаҳо, дар Эрон тарафдорони «ДИИШ»-ро дастгир мекунанд ва ин ашхос, асосан афғонҳо ва покистониҳо мебошанд, ки   мехоҳанд тавассути хоки Эрон ба Ироқ раванд. 
Дар натиҷаи амалиёти ҷангиёни «ДИИШ» бештар шиаҳо, насрониҳо, язидҳо қатл гардида, занону кӯдакони зиёди онҳо асир  шуда, дар лагерҳои консентратсионӣ нигоҳ дошта мешаванд. Танҳо аз худи Ироқ 13 ҳазор оила, баъди тассаруфи як қатор минтақаҳои ин кишвар аз ҷониби  ҷангиёни «ДИИШ», ба дигар давлатҳо  гуреза шуданд.  
Аз ин лиҳоз, ҳукумати Ироқ ночор ба ҷомеаи байналхалқӣ муроҷиат намуд, то дар мубориза бо ҷангиёни «ДИИШ» ба он кумак расонанд. Вобаста ба ин, давлати Федератсияи Руссия шумораи зиёди тайёраҳои ҷангӣ ва комлексҳои мушакиву тупиро ба ҳукумати Ироқу Сурия ҳамчун кумаки ҳарбӣ барои мубориза бар зидди ҷангиёни «ДИИШ» ирсол намуд. Зиёда аз ин, дар аввали моҳи октябр қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА-ро лозим омад, то вертолетҳои ҷангии «Apache» –ро барои муҳофизати фурудгоҳи байналхалқии Бағдод, ки ҷангиёни ҳамлагари  «ДИИШ» ҳамагӣ 20 км дуртар қарор доштанд, аз ҷудо намоянд. 
Бояд зикр намуд, ки новобаста аз эътироф нагардидани «ДИИШ» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, вай баъзе аз рамзҳои давлатӣ, маслан, парчами худро дорад ва он шакли зайл дорад: дар қисми болоии парчам «ад-Давлат-ал-Исломия», дар зери он «Ло илоҳа илаллоҳу» ва поёнтари он «Оллоҳ, Расул, Муҳаммад» навишта шудааст.
 
Гӯфтан ба маврид аст, ки айни ҳол «Давлати Исломии Ироқ ва Шом» давлати нимвоқеӣ бо шакли шариатии идоракунӣ буда, ҳудуди ба ном «секунҷаи суннӣ»-ро назорат мекунад ва он  гурӯҳи «Ал-Қоида»-ро, бинобар сабаби душмани ашаддиии ИМА буданаш, танг карда баровард. Дар худи ҳозир, «ДИИШ» аз хатогиҳои дар фаъолияти худ содиркардаи гурӯҳи «Ал-Қоида» хулосаҳои ҷиддӣ  бароварда, фаъолияташро дигар намудааст. Вай акнун  дигар ба одамон равияи салафияро бор намекунад ва расман Исломи анъанавиро тарафдор аст, ҳарчанд роҳбарони ин «давлат» на танҳо дигар мазҳабҳо, ҳатто салафиҳои радикалиро ҳам  мазаммат карда, онҳоро кофир меноманд. Ҳамчун нишони тағйири самти фаъолияти худ имрӯз «ДИИШ», чун «ХАМОС» дар Лубнон ва «Бародарони мусулмон» дар Миср, дар қаламрави худ мактабу касалхонаҳо месозад. 
Ҷангиёни «ДИИШ» бераҳмона суфиёни курдтаборро (гарчи онҳо суннимазҳаб ҳам бошанд) қатл намуда, худро тарафдори эмансипатсияи   занони пайравашон ҳисобида, қисме аз онҳоро ҳамчун дастаҳои зарбазани махсус тайёр мекунанд. Аз ҷониби дигар, роҳбарони «ДИИШ» ғулом гардонидани занони дигар адёну мазҳабҳоро ва фурӯхтани онҳоро чун ашхоси ғайри дин (такфир)  қонунӣ гардонид. 
Дар ҳудуди забт намудаи худ роҳбарияти «ДИИШ» тарғибу ташвиқи васеи идеологияи худро ба роҳ монда, ҳатто кӯдаконро низ ба ин кор ҷалб мекунад. Пешвоёнии ин «давлат» дар симои кӯдакону наврасон ҷангиёни ояндаи «ДИИШ»-ро мебинанд ва  барои онҳо лагерҳои махсус сохта шудааст. Дар ин таълимгоҳҳо кӯдакон зери роҳбарии дастурдиҳандаҳо тарзи бераҳмонаи қатли одамонро, дар мисоли ҷисми асирони зинда, аз худ мекунанд.
Аз мӯҳтавои барнома ва суханронии сарварони «Давлати Исломии Ироқ ва Шом» мақсадҳои асосии ин ташкилоти террористиро дар шакли зайл муайн кардан мумкин аст: 
1. Барҳам додани марзҳои муқарраршудаи давлатҳое баъди барҳам хурдани хилифати Усмонӣ  ба вуҷуд омада. Дар асоси ин, ҳамчун вазифаи аввал, бояд давлати нави калони ортодоксалии суннимазҳабони Ироқу Шом (Леванта) дар ҳудуди якҷоя гардидаи давлатҳои Сурия, Лубнон, Исроил, Фаластин, Урдун, Туркия, Кипр, Миср (ҳадди ақал, нимҷазираи Синай) ташкил карда шавад.
2. Вазифаи ниҳояии он – дар оянда тадриҷан ба вуҷуд овардани давлати Исломӣ  дар тамоми Сайёра  ба шумор меравад.
Тибқи маълумоти ташхисгарони байналмилалӣ  сарчашмаҳои асосии маблағдарёфткунии «ДИИШ» - фуруши арзони нафт бо роҳи қочоқ, роҳзанӣ, одамрабоӣ ва гирифтани маблағ барои озодкунии гаравгонҳо (выкуп), ғорат намудани бонкҳо ва ғайраҳо мебошад. Буҷаи «ДИИШ» алҳол,  тахминан 7 млрд. доллари америкоӣ буда, танҳо баъди забти шаҳри Мавсул аз ҷониби ҷангиён ба он танҳо аз захираи пули бонки ш. Мавсул 500 млн. ва тасарруфи филиали дар ин шаҳр будаи Бонки марказии Ироқ аз 900 то 2 млрд. доллари нақд ворид гардид. 
Манбаҳои иловагии бюҷети «ДИИШ» дар Қувайту  Арабистони Саудӣ қувваҳое ҳастанд, ки ҷанг бо режими Асадро дар Сурия тарафдорӣ мекунанд. Тибқи маълумоти аъзои  парламенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Солеҳ Чокар, «ДИИШ» танҳо аз Арабистони Саудӣ ба маблағи 4 млрд. доллар барои бурдани амалиёти террористӣ дар Ироқ гирифтааст. Илова бар ин ҷангиёни «ДИИШ» нефти Ироқу Сурияро бо тахфиф (скидка) дар бозори сиёҳ фурӯхта, танҳо аз ин ҳисоб аз  25 то 60 доллар  барои ҳар як баррелл ва бо ин роҳ    3 млн. доллар дар як рӯз ба даст меоранд. 
Бешубҳа, миқдори ҷангиёни «ДИИШ» даҳҳо ҳазор нафар буда, онҳо бо яроқи ҳозиразамони ҷангӣ  таъминанд. Онҳо фаъолияти экстремистӣ бурда, амаликунандаи чандин ҳамлаҳои терористиро зидди америкоӣ ва зидди НАТО-ро дар хоки Ироқ, зидди ҳарбиёни ироқӣ объектҳои мухталифи хоҷагии халқ мебошанд. 
Масалан, дар моҳи июни соли 2014 шумораи умумии ҷангиёни «ДИИШ» 12 ҳазор нафар, 11-уми сентябри соли 2014 тибқи маълумоти ҒРУ-и ИМА  аз 20-31,5 ҳазор нафар, тибқи маълумотҳои мақомоти бехатарии Федератсияи Руссия  аз 26 сентябри соли 2014 аз 30-50 ҳазор нафарро ташкил медоданд. Аммо бештари мутахссисон ва ташхисгарон шумораи ҷангиёни «ДИИШ»-ро то 80 ҳ. нафар муқаррар намудаанд. 
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷангиёни «Давлати Исломии Ироқ ва Шом» дорои чунин яроқи вазнин, ба монанди авиатсия чун (МиГ-21), воситаҳои зидди ҳуҷуми ҳавоӣ, ки  аз анборҳои артиши Ироқ онҳоро чун ғанимат  ба даст овардаанд, мусаллаҳ мебошанд.
Тақдири бисёре аз сарварони асосии «ДИИШ» ба таври гугонун чунин анҷом ёфтааст: Дар моҳи марти соли 2010 ҳангоми зарбаи зарбаи ҳавоӣ ду пешвои номии сиёии «ДИИШ» Абу Умар ал-Бағдодӣ,  меросхури он Зарқавӣ ва Абу Айюб ал-Масирии Мисрӣ кушта шуданд. Баъди вафоти Абу Умар, тамоми амалиётҳои террористиву ҷангӣ аз номи Абу Бакр ал-Бағдодӣ амалӣ карда мешаванд.   
         Бояд ишора намуд, ки «ДИИШ» имконот ва воситаҳои пурзӯри таблиғотиву ташвиқотӣ  дорад. Яке аз самтҳои фаъолияти таблиғотии он - ба навор гирифтани филмҳо раванди ҷангҳо ва содир намудани куштор а ҷониби ҷангиёни «ДИИШ» мебошад. Оҷонсии таблиғотии  машҳури «ДИИШ» бо номи  «Ал-Фурқон» الفرقان – амал намуда, он моҳи майи соли 2014  филмеро бо номи «Салил ас-Саворим» ‎(Ҷарангоси шамшерҳо) ба навор гирифта, аз пирӯзиҳои ҷангиён нақл мекунад. Ҳадафи асосии  ин филм - таҳдид ба  Амрико ва иттифоқчиёни он мебошад.
Бешубҳа, чунин наворҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Руссия экстремистӣ ба ҳисоб рафта, онҳо ба рӯйхати филмҳои манъшуда ворид карда шуданд. Моҳи октябри соли 2014 даҳҳо сайт, ки дар онҳо ин филм гузошта шуда буд, ҷиҳати зиддиинсонӣ ва танҳо аз куштору бераҳмӣ иборат буданаш, тамошои онро бастанд. Бисёре аз коршиносон доираи фаъолияти Оҷонсии «Ал-Фурқон»-ро бо  доираи фаъолияти агентии CNN  ва Ҳолливуди ИМА баробар медонанд. 
Хотиррасон кардан ба маврид аст, ки «ДИИШ» барои англисзабонҳо низ воситаи машҳури таблиғотӣ дар шакли Шӯъбаи медиа - Оҷонсии «Ал-Ҳаёт» ташкил намудааст, ки он нишона (эмблема)-и махсуси худро дорад.
Дар охири моҳи сентябри соли 2014 ташвиқотчиёни «ДИИШ» дар шабакаи Интернет бо субтитр филмеро бо забони арабӣ –« Ҳаёти араб» (Лаҳибу-л- араб) аз киностудияи  «Ал-Ҳаёт» гузошта буданд. Дар ин кинофилм низ таҳдид ба Амрико ба мушоҳида мерасад. Студияи номбурда ба забонҳои  арабӣ, англиси, немисӣ, франсавӣ,  русӣ, ҳиндӣ, урду, банғолӣ, туркӣ курдӣ ва ғ. мавод таҳия мекунад.   
Дар давоми фаъолияти худ «ДИИШ» на танҳо зидди Амрико, инчунин пушидаву кушод дар Покистон, Афғонистон ва Эрон низ таблиғот мебарад. Дар оғози моҳи сентябри соли 2014  дар шимолу ғарби Покистон ҷангиёни номаълум бо худ брошюра  бо сарлавҳаи «Фотеҳ» бо забони пушту ва дарӣ бо символикаи «ДИИШ» паҳн намуда, сокинони маҳаллиро даъват намуданд ҷиҳоди ин гурӯҳро дастгирӣ намоянд. 
Вазири корҳои хориҷии Британия Филипп Хаммонд «ДИИШ»-ро «давлат»-и дорои  режими азобу шиканҷа дошта номида, аз назари вай  ҷангиёни он ният доранд, то Сурия ва Ироқро чун пойгоҳи ҳуҷум ба Ғарб истифода  кунанд. Аз ин рӯ, Британия   курдҳоро бо яроқу аслиҳа дар муборизаи онҳо боҷангиёни  «ДИИШ» таъмин мекунад [7].
Мувофиқи маълумотҳои ВАО, танҳо аз  авали соли  2014 ҷангиёни «ДИИШ»  то 700 кӯдакони рақибони худро ба таври ваҳшиёна  ба қатл расонидаанд.  Нисбати ин «давлат» санксияҳои байналхалқӣ тибқи резолютсияи  СММ ҷорӣ шуда, он чун ташкилоти террористӣ дар аксар давлатҳои дунё, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  эълон гардидаст. 
Зиёда аз ин, ҳатто Лигаи давлатҳои Араб 8-уми  сентябри соли 2014 «ДИИШ»-ро ташкилоти террористӣ номид. Баъзе аз илоҳиётшиносони мусулмон  эълон намуданд, ки ин «давлат»-и  худ эълон шударо эътироф намекунанд ва мусулмонон вазифадор нестанд, ки вафодории худро ба халифа Абу Бакр –ал- Бағдодӣ нишон диҳанд. 
 Масалан, муфтии асосии Арабистони Саудӣ, сарвари Кумита оид ба таҳқиқотҳои илмӣ ва фатво шайх Абдулазиз бинни Муҳаммад Оли аш-Шайх дар хусуси «ДИИШ» ин тавр гуфтааст: «экстремизм, бераҳмӣ ва террор ҳеҷ гоҳ  бо Ислом умумият надошта, ғайр аз ин, онҳо – душманони  «рақами як»-и  Ислом ҳастанд, зеро аввалин қурбониёни онҳо боз худи мусулмонҳо мешаванд».  Вай онҳоро ҳатто бо номи «хориҷӣ» - яъне  ашхоси аз Ислом хориҷшуда, аз асолати аслии он дур  номида,  ба гуфти вай – аъзои ин гурӯҳ дороӣ ҳуқуқи роҳбарӣ ба ҷамоати мусулмонҳо нестанд [7].
Шайхи ҷомеаи Ал-Азҳар дар Миср Аҳмад Ат-Таййиб соли 2014 дар конфронси уламои 120 кишвари ҷаҳон, ки дар Қоҳира – пойтахти Миср баргузор шуд, гуфта буд:  «нерӯҳои эътилоф бо роҳбарии Амрико на танҳо бояд бо чунин гурӯҳи «Давлати исломӣ», балки бо тамоми гурӯҳҳое, ки боиси бадномии Ислом ва динҳои дигар мешаванд, мубориза кунанд». Шайхи мазкури Ал-Азҳар боз дар ин конфронс гуфта буданд: «гурӯҳҳои тундрави «Давлати исломӣ», ки бо номи Ислом хушунат карда, боз даст ба куштор мезанад, боиси бадномии мусулмонон дар саросари ҷаҳон шуда,  аъмоли ин гурӯҳ ба арзишҳои исломӣ дар сароси ҷаҳон латма ворид мекунад» [10]. Дар ин нишаст даҳҳо тан аз уламои динҳои мухталиф иштирок карда ва гурӯҳҳои тундравро ба бадномии динҳо маҳкум намуданд.
Мутаассифрна, вақтҳои охир ҷалбкунии ҷавонон ба сафҳои «ДИИШ» дар Осиёи Миёна ва Қазоқистон низ ба мушоҳида мерасад. Чунончӣ,  гурӯҳи радикалии «ДИИШ» видео навореро аз 20 ноябри соли 2014 ба сети ҷамъиятӣ партофт, ки қаҳрамонҳои он бо забони қазоқӣ сӯҳбат намуда, ба омӯзиши Қуръон  машғул ҳастанд. Дар қисмати дигари ин навор тайёрии ҳарбии кӯдакон нишон дода мешавад. Кӯдакон тарзи муошират бо автомати Калашниковро нишон дода, яке аз онҳо худро бо номи Абдулло муарифӣ карда, мегӯяд: «Мо дар ин   урудгоҳи Сурия  тарзҳои мухталифи қатли «кофирон» - ро меомӯзем». Тибқи маълумот 300 кӯдаки қазоқ дар ин урдугоҳ аз тайёрӣ мегузаранд. Тибқи маълумоти нашрияи «The Foreign Polici», аъзои «ДИИШ» кӯдаконро дар ин лагерҳои махсус  нигоҳ дошта, онҳоро дар маросими қатлҳои расмии шахсони фаъолияти «давлати Исломӣ»-ро маҳкум намуда ҳозир мекунанд.
Чуноне ки 17-уми апрели соли 2013 дар маҷлиси парламенти Қирғизистон Дастанбек Ҷумъабеков изҳор дошт: «Ӯ дар даст маълумот дорад, ки аз байни сокинони райони Аравон кӯдакон тавассути Истамбул ба Сурия  аз ҷониби гурӯҳҳои динии дар ҷануби кишвар вуҷуд дошта фиристонида мешаванд. Аллакай 20-нафари онҳо бурда шудаанд. Падару модарон  дар ин хусус шикоят доранд. Зарур аст то маълумот санҷида шавад» [2].
Фавран баъди ин гузориш бо ёрии КБД ва ВКД шабакаи махсусе ошкор карда шуд, ки тавассути он шаҳрвандони ҷавони Боткент ва Уш барои иштирок дар низоъҳои Сурия аз Қирғизистон фиристонида мешаванд.
Зимни ин амал муайян карда шуд, ки эмиссарҳои ташкилотҳои террористии байналхалқӣ бо баҳонаи таҳсил дар донишгоҳҳои динии хориҷи кишвар ва  фаъолияти корӣ шаҳрвандони ҷавони қирғизро фирефта, бо худ бурда, баъди тайёрии пурраи идеологӣ онҳоро дар низоъҳои  Сурия истифода мекунанд. Шабакаи Интернет низ аз ҷониби онҳо истифода шуда,  дар алоҳида вебсайтҳотарғиби ҷиҳодизм   вуҷуд дорад. Пахшҳои бардуруғи ҷиҳод, ки дар лабораторияҳои хориҷи кишвар  кор карда бароварда шуда, ба кишварҳои мусулмон содир карда мешаванд, асоси мотиватсияи ҷавонони мусулмонро ташкил намуда, онҳоро ба ҳолати беҳиссӣ оварда мерасонанд. 
Кормандони хадамоти махсуси Қирғизистон ошкор намуданд, ки тайи моҳҳои охир аллакай 5 нафар шаҳрвандони Қирғизистон  ба Туркия тавассути хатсайри Ош-Истамбул парвоз карда рафтаанд. КБД  ин давлат падару модаронро ба ҳушёрӣ даъват намуда гӯфтанд, ки дар сурати дар рафтори фарзандонашон пайдо шудани   аломатҳои то ин дам дида нашуда, бояд фавран бонги изтироб зананд. Чунки таблиғгарони ин давлати ба ном исломӣ  бо дини мубини Ислом ягон иртиботе надоранд ва асоси мақсадашон соф сиёсӣ буда,  ҳадафи эшон  забти ҳокимият ва дар ниҳояти кор, мақсади охиринашон - таъсис додани давлати Исломӣ мебошад [5].
Раиси ҷумҳури Сурия Башор Асад ба маҷаллаи "Paris Match"- и Фаронса рузи 4-уми декабри соли 2014   қайд карда буд, ки: «масъала бар сари ҷанг миёни ду артиш нест. Ӯ интизор дорад даргириҳои кишвараш тулонӣ ва душвор хоҳад шуд, …мо бо гурӯҳҳои террористӣ рӯ ба рӯ ҳастем, ки ба як шаҳр ё деҳа нуфуз мекунанд». 
Фаъолияти  «ДИИШ» ба Федератсияи Руссия низ хатари калонеро дорост. Масалан, аввали сентябри соли 2014 ҷангиёни «ДИИШ» дар шабакаи Интернет видеохитобаеро ба президенти Руссия гузошта, ваъда намуданд, ки дар ҷануби Руссия онҳо ба фаъолияти хеш сар карда, Чеченистону Кавказро «озод»  мекунанд» [12].
Баъдтар қумондони саҳроӣ Тархон Батирашвилии гурҷӣ, ки алҳол бо номҳои нав - Умар ал-Шишонӣ (ё Умари чеченӣ) машҳур аст, тавассути  телефонии мобилӣ ба падараш ваъда додааст, ки «ҳатман ба хонааш Гурҷистон бо яроқ бар мегардад ва ба русҳо ҷанги ҳақиқиро нишон хоҳад дод».  Вай бо ин амал  қасоси ҳодисаҳои соли 2008-и Гурҷистонро аз  русҳо гирифтанӣ будааст  [12].
         Дар асоси гӯфтаҳои дар боло зикр гардида, мавзӯи пайдоиш ва моҳияти ба ном «Давлати Исломии Ироқ ва Шом»-ро ҷамъбаст намуда,  дар шакли умумӣ хулосаҳои зеринро пешниҳод намудан мумкин аст:
            1. Ташаккули  ба ном «Давлати Исломии Ироқ ва Шом» натиҷаи муоҳидаи сарварони гурӯҳҳои террористии мамлакатҳои мусалмон буда, он мақсад дорад, то давлати Исломиро аввал дар хоки Ироқу Шом ва сипас дар тамоми олам, аз ҷумла дар Руссия ва Тоҷикистон низ, барқарор намояд. 
2. Ислом дини мадоро ва сулҳ аст ва набояд онро ягон кас ва ё ягон қувваи сиёсӣ чун парчам  барои дарёфт ё забти ҳокимият истифода кунад. Соҳиб шудан бар ҳукумат дар ҳар кишвар бояд на бо силоҳ, балки танҳо тавассути интихоботи озоду одилонаи умумӣ  сурат гирад.
3. Дар марҳалаи ҳозира дар мисоли фоҷиаи хунбори Ироқу Сурия тамоми сокинони Тоҷикистонро, сарфи назар аз дину мазҳаб, зарур аст, ки онҳо дар шароити афзоиши вазъи геополитики сайёра бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳамбастагӣ зидди ин падидаи ба дини мубини  Ислом иртибот надошта, муборизаи беамон баранд.  
 
АДАБИЁТ
1.   «Аль-Каидовская» война. Журнал «Эксперт» // expert.ru (11 ноября 2013 года).
2. Андрей Попов. "Возьми оружие, умножь на ислам – и мальчишки толпой пойдут за вербовщиком" / http://dailynewslight.ru/?uӣ25112014831 25.11.201 4 
3. Ашӯров Тоҳир: "Ҷиҳодиёни тоҷик дар Сурия таҷовузгаранду бас". Ҷумъа, Декабр 12. 2014-радиои Озодӣ.
4. Британия поставит оружие курдам для борьбы против боевиков ИГ в Ираке. РИА Новости (24 августа 2014).
5. Даъват аз муҳоҷирон: Ё ҷиҳод, ё пули ҷиҳод. Чоршанбе, Декабр 10, 2014.- радиои Озодӣ.
6. 12.ИГИЛ и Российская Федерация. Википедия орг.
7. Муфтий Саудии: ИГИШ — враги Ислама номер один, и продолжатели группировок хариджитов, вышедших из религии (20 августа 2014).
8. США пока не могут собрать воедино все силы коалиции // БелТВ, 13.10.2014 .
9. Ҷангиёни тоҷик дар Ироқхудровидеоӣ карданд.-Озодӣ 03.12.2014 18:36
10. Шайхи Ал-Азҳар: "Гурҳҳои тундрав исломро бадном мекунанд" -  Радиои Озодӣ   05.12.2014 15:13
11. Экстремисты угрожают Чеченской республике и Кавказу, Muslim Politic (04.09.2014).
12. Юрий ГРУЗДОВ. Вербовка в Сирию  25 апреля 2013. -//http://www.msn.kg/ru/news/39546/
 
Ҳоҷибеков Э. - номзади илмҳои таърих, профессори 
кафедраи таърихи умумии ДДХ ба номи М.Н.Назаршоев
  Абдураҳмонов З. - номзади илмҳои таърих, муаллими
кафедраи «Фанҳои
                       ҷомеашиносӣ»-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино