Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Ҳунарнамоии дастаи «Шифо» дар мавзеъҳои истироҳатӣ

Ҳунарнамоии дастаи «Шифо» дар мавзеъҳои истироҳатӣ

2017-10-07 /  Автор:Editor /  Диданд:188

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси зебопарастии ҷавонон, ҷалби доираи васеи насли ҷавон ба корҳои эҷодӣ-фарҳангӣ, тарғибу ташвиқи санъат ва фарҳанги ниёгон аз ҷониби роҳбарияти давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зиёд андешида мешавад. Дар рӯзҳои истироҳатӣ ташкилу баргузории барномаҳои консертии дастаҳои ҳунарӣ дар боғу мавзеъҳои истироҳатии пойтахт, аз ҷумлаи яке аз чунин тадбирот маҳсуб меёбад. Дар ин робита санаҳои 30-09-2017 ва 1-10-2017 дар «Боғи Ирам» ва «Боғи Парчам», бахшида ба Соли ҷавонон ва Рӯзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аъзои дастаи «Шифо» барномаҳои консертӣ пешкаши сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе гардонида шуд. Барномаи зикршудаи консертӣ аз шеъру сурудҳо дар васфи Ватан, Тоҷикистон, Забони модарӣ, ишқу муҳаббат ва ғайра мураттаб гардида, ба тамошобинон хеле писанд омад. Мавриди зикр аст, ки донишҷӯёни хориҷӣ низ бо суруду таронаҳои марғуб мухлисонро ба ваҷд оварданд.

Дар «Боғи Ирам» ҳунарнамоии «Шифо» аз ҷониби ТВ «Сафина» пурра наворбардорӣ гашт ва рӯзҳои наздик тавассути ин шабака намоиш дода мешавад.

Дар «Боғи Парчам» барномаи консертии дастаи «Шифо» аз соати 17:30 то соати 20:30  идома ёфта, ба шоми рақсу суруд табдил гардид. Дар фарҷом кормандону мутасаддиёни боғ аз баргузории чорабинӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ба роҳбарияти донишгоҳ ва аъзои дастаи «Шифо» арзи сипос намуданд.


Мушовири ректор оид ба тарбия ва фарҳанг

Э. Файзов