Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Ҷаласаҳои курсӣ дар факултети педиатрӣ

Ҷаласаҳои курсӣ дар факултети педиатрӣ

2017-10-06 /  Автор:Editor /  Диданд:143


     

    Рӯзҳои 2-3 октябр деканати факултаи педиатрӣ дар ҳамдастӣ бо Шӯрои бонувони донишгоҳ бо иштироки васеи донишҷӯёни курсҳои 1 ва  2 ҷаласаҳои курсӣ доир намуд. Декани факултет, профессор М.С. Табаров ҷамъбасти натиҷаҳои сессияи тобистонаро ба самъи донишҷӯён расонда, оид ба камбудию норасоиҳо дар ин самт ба таври мухтасар истода гузашт. Дар ҷаласа оид ба риояи қоидаҳои донишҷӯӣ,  иштироки саривақтӣ ба машѓулиятҳои таълимӣ, пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои қонунвайронкунӣ ба донишҷӯён маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Раиси Шӯрои бонувони донишгоҳ Г.Б.Ҳоҷиева оид ба таъмини иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» ба таври муфассал истода гузашта, аз ҳамагон даъват намуд, ки баҳри таъмини иҷрои ин қонуни сарнавиштсоз бештар фаъол бошанд.
Ҷаласаи садорати факултет аз рӯи масъалаҳои қабулгардида қарорҳои дахлдор қабул намуд.

 

Деканати факултети педиатрӣ