Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорист

Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорист

2017-10-05 /  Автор:Editor /  Диданд:139

  

 4-уми октябри соли ҷорӣ дар кафедраи бемориҳои дарунии №3  воқеъ дар «шаҳраки Шифобахш» бахшида ба Рӯзи забон ва Иди муаллимон маҳфили адабӣ  баргузор гашт. Сараввал мудири кафедра, д.и.т., Мустафакулова Н. И. дар бораи бузургдошти забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, устодони кафедраро ба Рӯзи забони давлатӣ ва Иди касбии муаллимон табрик намуд. Пас аз ин устодони кафедра Гадоев С.Х., Ҳоҷиева Г.Б., Бобиева Н.Х. оиди рисолати  забони модарӣ, покизагии он, заҳмати устодон, дар бораи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон суханронӣ  намуда, аз ашъори шоирон шеърҳо қироат намуданд.

Кафедраи бемориҳои дарунии №3