Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Машғулиятҳои амалӣ дар Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»

Машғулиятҳои амалӣ дар Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»

2017-10-05 /  Автор:Editor /  Диданд:219

 

Имрӯз дар Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» барои донишҷӯёни курси чоруми факултаи фармасевтӣ машғулияти амалӣ баргузор гардид, ки дар он 15 нафар донишҷӯй иштирок намуданд.

Дар ин машғулияти амалӣ ба донишҷӯён оиди ташкили кор дар шӯъбаи доруҳои тайёр бо пешниҳоди дорухатҳои экстемпоралӣ, тарзи дурусти аз дорухона ҷавоб додани маводи доруворӣ бо дорухат ба таври муфассал маълумотҳои лозимӣ пешниҳод гардид.

Дар рафти машғулият донишҷӯён бо тарзи истифодабарии таҷҳизотҳои Марказ шинос шуда, дар корҳои амалӣ фаъолона иштирок намуданд.

Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»

Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»