Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр

2017-08-11 /  Автор:Admin /  Диданд:100

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Аз он лаҳзаҳое, ки фарзандони баруманди миллати тоҷик –Осимӣ М. Исҳоқӣ, Ю.Б., Ғуломов М.Ғ., Кенҷаев С.К., Сайфи Раҳимзод ва дигарон аз дасти нохалафон ба қатл расонида шуданд, дар дили мо ҳисси нафрат ва лаънат нисбат ба чунин ашхоси бераҳму бефарҳанг бедор аланга зада буд, аммо  баъди тамошои наворе, ки рӯзи 09.08.2017 намоиш дода шуд, ин нафрату қаҳру ғазаб ва бадбинӣ нисбат ба он қотилон аз нав бедор шуд. Худро таскин медодем, ки душманони беруна аз ҳасаду бухл даст ба қатли фарзандони тоҷик мезананд, вале афсӯс. Вақте мебинем, ки чунин разолат ва ҷаҳолату пастӣ бо дасти фарзандони худи ҳамин миллат рӯйи кор омадааст, кас маъюс мешавад. Наход барои қонеъ кардани нафси худ ин қадар ҷоҳилу разил ва ноогоҳ бошем, ки шахсони бегуноҳ, шахсоне, ки барои ин миллат ҷонбозиҳо кардаанд, бо дастони нопоки худ ба қатл расонем.
Он солҳо, яъне солҳои 90-ум Ҷумҳурии Исломии Эрон тавассути созмонҳову ташкилотҳои гуногун ба мардуми мо ёрии иқтисодӣ мерасонид, аммо дар айни замон чунин қотилону террористон ва душманони ин миллатро парвариш ва тарбия мекард. Пас, ҳадафи асосии онҳо чӣ будааст?
Арзишҳои миллии мо-адабиёт, фарҳанг, таърих, нангу ор ва номуси миллии моро ба адабиёту фарҳанги бегона иваз карда, бо ҳамин номи Тоҷикистонро аз харитаи ҷаҳон пок кардан мехостанд?!
Агар ин хел намебуд, чаро онҳо тавассути ҳизби таъсисдодаашон-ҳизби наҳзати Ислом дар байни мардуми мо тухми низову нифоқ ва бадбинӣ, беэҳтиромӣ нисбат ба таъриху анъанаҳо ва арзишҳои миллӣ мекоштанд. Бо амали Назарзода мехостанд заъифии ин давлату миллатро нишон диҳанд, бигӯянд, ки оромиву осудагии мардумро ин Ҳукумат кафолат дода наметавонад. Аммо тирашон хок хӯрд, як идда аз ин ваҳшиёни ташнаи хун мисли лошахӯрон ҷони худро аз даст доданд, қисми дигар мисли шағолони тарсӯ ва нобакор ба лонаи худ –Эрон фирор карданд ва баъди ин амалҳои ноҷавонмардонаи худ орому осуда ва бо карру фар нафас мекашанд.
 Мардуми тоҷик ин гуна амалу кирдорҳои зиддинсонии онҳоро фаромӯш нахоҳад кард. Аз ҷазои мардум то имрӯз кассе раҳо наёфтааст. Гарчанде ин қотилону саркардагонашон муддатҳо аз ҷазои қонун фирор мекарданд, оқибат гирифтор шуданд, онҳоро ҷазои аз ҳама вазнин – нафрату лаънати мардум интизор аст.

Муовини ректор

  Гадоев Б.Ш.