Loading...

АСОСӢ
АХБОР
АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВОЛОТАРИН АРЗИШИ ҲАР ЯК МИЛЛАТАНД

АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВОЛОТАРИН АРЗИШИ ҲАР ЯК МИЛЛАТАНД

2017-08-11 /  Автор:Admin /  Диданд:206

Агар миллат забони давлатӣ, анъанаҳои таърихӣ, муқаддасоти миллӣ, ҳар як саҳифаи таърихи миллати худро эҳтиром накунад, аз миллати худ ифтихор накунад, арзишҳои бегонаро нисбат ба онҳо боло гузорад, ин миллат оянда надорад, нест мешавад.
Дар шароити муосир нерӯҳои аҳриманиву душманони мардуми тоҷик яке аз роҳҳои осон ва зуд ба шуури мардум таъсиркунанда, онҳоро ба таҳриковаранда - динро интихоб карда истодаанд.
Қишрҳои мухталифи ҷомеа, махсусан ҷавонон, ки осебпазиртарин қишр ҳастанд, ба фиребу суханбофиҳову ваъдаҳои бардурӯғи онҳо  бовар мекунанд, мисли манқуртҳо аз модару ватани худ рӯй мегардонанд, таърихи худро фаромӯш месозанд ва омода ҳастанд, ки разилтарин, касифтатарин ва пасттарин амал-хиёнат ба Ватанро анҷом диҳанд.
Он наворе, ки рӯзҳои 09. ва 10 –уми август тавассути шабакаҳои телевизиони кишвар намоиш дода шуданд, гувоҳи гуфтаҳои болоянд.
Онҳо маблағҳои зиёд сарф карда, тавассути зархаридони худ дар кишвари мо ҳизби сиёсии Наҳзати исломро таъсис доданд ва хостанд, ки бо истифода аз ин арзиши муқаддас мардуми тоҷикро аз асли худ дур созанд, миллати моро, арзишҳои миллии мо, забону таърихи мо, марзу буми моро аз они худ созанд.
Кишвари абарқудрати Эрон бо таъсис додан ҳизби наҳзати ислом, тавонист, ки дар ин кишвар зархаридони худро соҳиби қудрати сиёсӣ созад. Онҳо на ҳизби сиёсӣ, балки ҳизби террористӣ шуданд. Чаро? Чунки мардуми тоҷик ҳадафҳои асосии онҳоро дарк карда, онҳоро ҷонибдорӣ намекарданд,  онҳо диданд, ки мафкураи миллии тоҷиконро нобуд сохта наметавонанд, хостанд аз куштору  ғорат, сӯзондану тарсонидан, маҳв кардани фарзандони бедор ва ҷоннисори Ватани мо кор бигиранд.
Мардуми шарафманд бофарҳанги тоҷик, ки талхии оқибатҳои ҷанги хонумонсӯро аллакай чашидааст, ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки ғубори сиёҳи мардумкуш фазои беғубори кишвари моро олуда созад.
Онҳо хато кардаанд, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо пуштибонӣ кардани ин гурӯҳи террористӣ, махсусан саркардаи он – Кабирӣ, эътибори худро дар назди мардуми тоҷик паст кард.  

 

Муовини ректор,н.и.т.  

    Қурбонбекова П.Қ.