Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Дар либоси дӯстӣ созанд кори душманӣ

Дар либоси дӯстӣ созанд кори душманӣ

2017-08-11 /  Автор:Admin /  Диданд:210

Дар шароити глобализатсияи ҷаҳон, аз байн рафтани кишварҳо ва миллатҳои аз лиҳози масоҳат ва аҳолӣ хурд, тобеи арзиш ва манфиатҳои кишварҳои абарқудрат гаштани кишварҳое, ки қудрати муқовимат карданро надоранд, моро водор месозад, ки дар интихоби шарикони сиёсиву иқтисодӣ ва идеологӣ эҳтиёткор бошем. Маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат, Асосгузори сулҳи пойдор ва Ваҳдати миллии тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки аз як кишвари ҷангзадаи заъифу нотавон ба давлати соҳибистиқлолу озод ва банерӯ табдил ёбем. На танҳо барои кишвари худ, балки барои оламиён бо иқдому ибтикорҳои созандаи худ, – Сулҳи тоҷикон, ҷаҳонишавии Наврӯз ва мушкилоти оби ошомиданӣ дар дунё,-   тавонистем, ки эътибори кишварамонро дар сатҳи ҷаҳонӣ   боло барем.
Вақте ки сарвари давлати мо дар радифи мамолики пуриқтидори дунё аз минбарҳои бонуфуз сухан мегӯянду моро ба ҷаҳониён ҳамчун як давлати соҳибихтиёру озод муаррифӣ мекунанд, табиист, ки ба  баъзе кишварҳои абарқудрат писанд намеояд. Онҳо мехоҳанд, ки мардуми мо тобеи сиёсати онҳову пойбанду фармонбардорашон бошад.
Он наворе, ки рӯзҳои 09 ва 10 –уми август тавассути шабакаҳои телевизиони кишвар намоиш дода шуданд, гувоҳи гуфтаҳои болоянд.
Ҳадафҳои касиф онҳоро водор месозад, ки роҳу воситаҳои гуногунро ҷустуҷӯ ва амалӣ созанд. Яке аз ин гуна воситаҳои санҷидашуда ин тасъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва ба воситаи онҳо татбиқ намудани ҳадафҳои сиёҳи стратегиашон аст, ки намунаи онро мо дар таъсис ёфтани ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон  мебинем. Ин ҳизб, ки бо маблағгузории сиёсатмадорони Ҷумҳурии Исломии Эрон таъсис ёфтааст, гӯё барои ҳимояи дини муқаддаси Ислом мекӯшад ва мардумро дар либоси кизбу дурӯғ фиреб дода, аз арзишҳои милливу ватандӯстӣ дур месохт.
Онҳо симои аслии худро дар амалҳои он шахсоне, ки Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба хотири якпорчагӣ ва озодии ватани азизамон онҳоро ба вазифаҳои пурмасъул ҳидоят намуданд, мисли Назарзодаву Кабирӣ ошкор сохтанд. Ҷумҳурии Исломии Эрон низ аз амалҳои пинҳонӣ ба таври ошкоро дастгирӣ кардани онҳо шурӯъ намуд ва шукри Эзид, ки ақли солим ғолиб омад ва он манфурон ба ҳадафҳои нопоки худ нарасиданд.
Дар Эрон озодона гашту гузор кардани хоини миллати тоҷик-Кабирӣ бо ҳамдастонаш гувоҳи он аст, ки ин кишвар сиёсати зидди кишвари моро пеш гирифтааст ва мо низ бояд ба ин посухи мувофиқ диҳем.


Муовини ректор, д.и.т. 

                  Солиҳов Д.Н.