Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Вохӯрӣ дар хобгоҳҳо бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Вохӯрӣ дар хобгоҳҳо бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

2017-06-19 /  Автор:Admin /  Диданд:92

Дар асоси нақшаи кории Шуъбаи кор бо ҷавонон дар ҳамбастагӣ бо коменданти хобгоҳи №4 – и донишгоҳ Наҷмиддинова Мамлакат ҷиҳати иҷрои нақша – чорабиниҳои ҷашнӣ дар арафаи таҷлили 20 – умин солгарди «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» ҳамзамон «Соли ҷавонон», 17 – уми июни соли 2017, соати 17:30 суҳбат – вохӯрӣ дар мавзӯи «Гиромидошти Ваҳдати миллӣ - эҳтироми миллат ва таҳкими пояҳои истиқлолият» дар толори хониши китобхонаи хобгоҳҳои № 4-7 бо иштироки бошандагони фаъоли хобгоҳҳои донишгоҳ баргузор карда шуд.


Тибқи даъвати қаблӣ дар чорабинии мазкур Нуров Ҷалолиддин – корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо маърӯзаи пурмуҳтаво ширкат варзид. Дар ин чорабинӣ иштироки фаъоли намояндагии истиқоматкунандагони хобгоҳи донишҷӯёни хориҷи зери роҳбарии коменданти хобгоҳи №1 Мирзоев Муҳаммад аз ҷумла донишҷӯён аз ҶИ – Афғонистон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Қрғизистон ба назар мерасид.
Мутахассиси Шуъбаи тарбия ва фарҳанг, Раиси КИКД ҳамзамон дар суҳбат иштирок доштанд.
Баъди ифтитоҳи суҳбат - вохӯрӣ бо нутқи табрикотӣ аз тарафи мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон сухан ба меҳмон, ҳамсуҳбат Нуров Ҷ.Н. пешниҳод гардид. Нотиқ андешаҳои ҷолиб ва маслиҳадҳои муфидро ба аҳли толор таманно намуда, миннатдории худро барои даъват намудан ба чунин вохӯриҳо дар донишгоҳ ба саъми масъулин расонид.
Донишҷӯёни ҶИ – Афғонистон дар партави суханронҳо дар вохӯрӣ, суҳбати самимӣ дар мавзӯи баррасигардида пешниҳод намуданд, ки дорои маърифати баланд ва нишондиҳандаи роҳи нек буд.


Шуъбаи кор бо ҷавонон