Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Муқовимат бо ифротгароиро пурзур бояд намуд!

Муқовимат бо ифротгароиро пурзур бояд намуд!

2018-05-16 /  Автор:Editor /  Диданд:126

Тавре дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ зикр гардид: “Бо вуҷуди чунин вазъ, дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст. Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад…».
     Мутаассифона терроризм беш аз пеш хусусияти глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ пеш меорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Терроризм содир намудани амалҳое аст, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф  кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Дар шакли умумӣ ифротгароӣ ҳамчун пайравӣ ба ақида ва амалҳои чапгарое мебошад, ки меъёрҳо ва қоидаҳои дар ҷомеа мавҷудбударо ба қатъиян рад мекунад. Ифротгароие, ки дар ҳаёти сиёсии давлат ва ҷомеа ба миён меояд, ифротгароии сиёсӣ ва ифротгароие, ки дар соҳаи дин ба миён меояд, ифротгароии динӣ ном дорад. 
   Дар моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” мафҳуми ифротгароӣ чунин шарҳ дода  шудааст: Ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфтае мебошад, ки ба бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоъи нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад. Аз ҳамин сабаб ифротгароӣ бо дар назардошти таҳаввулоти умумиҷаҳонӣ ва минтақавӣ бояд ҳамчун зуҳуроти сиёсат ва идеологияи ифротӣ дар ҷомеа ва давлат дониста шавад, яъне он дар сатҳи шахсият ҳамчун зуҳуроти ғоя, дар сатҳи ҳокимияти давлатӣ ҳамчун зуҳуроти сиёсат ва дар сатҳи ҷомеа ҳамчун идеология шинохта шавад. Агар ифротгароиро ҳамчун ғояи шахсият, идеологияи ҷомеа ва сиёсати ҳокимият шуморем, пас мумкин аст онро чунин муайян намоем: экстремизми сиёсӣ зуҳуроти ифротии идеология ва сиёсат дар сатҳи ҷомеа ва ҳокимияти давлатӣ, яъне усули ба мақсад ноилшавӣ дар ҳолат ва шароити муайян амалҳои зӯроварӣ ва терроризм мебошад. Бо дар назардошти он ки ифротгароӣ дар сатҳи шахсият – субъекти сиёсат ва ҳуқуқ ҳам дар гурӯҳҳои ҷамъиятӣ ва ҳам дар фаъолияти намояндагони ҳокимияти давлатӣ зуҳур меёбад, ба ду гурӯҳ ҷудо намудани ифротгароии сиёсӣ ба мақсад мувофиқ аст: ифротгароие, ки таъқиботи сиёсиро дар сатҳи ҳокимияти давлатӣ дар назар дорад; ифротгароии сиёсии идеологӣ, ки дар сатҳи ақидаи ифротии гурӯҳӣ қарор дорад. Ифротгароии таъқиботи сиёсӣ ҳамчун намуди зуҳуроти сиёсӣ аз тарафи намояндагони ҳокимияти давлатӣ ба шикастани ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ, поймолкунии ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷомеа ва халқҳои дигар, паҳн намудани идеологияи адовати нажодӣ ва миллӣ ба дастгирии нерӯҳои ифротӣ ва режимҳои диктаторӣ равона карда шудааст. Ин намуди ифротгароӣ дар давраи мавҷудияти ду низоми ҷаҳонӣ, дар давраи “ҷанги сард” ба таври фаъолона зуҳур меёфт. Он замон усулҳои ҳалли мушкилот таҷовуз, табаддулоти ҳарбӣ, исён, муҳосираи ҳарбию иқтисодӣ ва терроризм буданд. 
    Ифротгароӣ одатан ҳамчун ғоя, идеология ва сиёсат, ҳамчун зуҳурот ҳамон вақте ба ҷиноят табдил меёбад, ки усули ноилшавӣ ба мақсад зӯрӣ ё усули террор интихоб карда мешавад. Ифротгароён метавонанд ба музокирот ворид гардида, шарт ба миён гузоранд, ки ӯҳдадориҳои муайянро ба зимма гиранд, ё ки қонунҳо ва роҳи ғайризӯрии ҳали масъаларо рад кунанд. Ифротгароии идеологии сиёсӣ мумкин аст ҳамчун шакли радикалии зуҳуроти миллию этникӣ, динӣ ва ҷиноию иқтисодӣ фаҳмида шавад. Ифротгароии миллию этникӣ дар зери идеологияи миллатгаро аз мавқеи манфиатҳо ва ҳуқуқҳои миллӣ ё этникӣ бар зидди сиёсати миллии ҳокимияти давлатӣ баромад мекунад, аз ин рӯ метавонад кирдори дар шакли милатгарои, фашизм, саҳюнизм ва ғайра ба миён ояд. Ҳамин тариқ, ифротгароӣ метавонад аз идеологияи гузарои аққалияти сиёсӣ ва сиёсати таъқибкунии аксарияти сиёсӣ иборат бошад.
     Мувофиқи моддаи 8-уми Конститутсияи мамлакат дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ дар асоси бисёрҳизбӣ сурат мегирад. Ягон мафкурае, аз он ҷумла ислом, ба сифати мафкураи давлатӣ эътироф карда намешавад. Ташкилотҳои динӣ, ки тибқи қонун аз давлат ҷудо мебошанд, ба корҳои давлатӣ дахолат карда наметавонанд. Ин маънои онро дорад, ки дар Тоҷикистон, ҳамчун давлати дунявӣ, муассисаҳои динӣ аз мақомоти давлатӣ ҷудо карда шудаанд ва онҳо имконият надоранд, ки ба мақомоти давлатӣ таъсир расонанд. 
     Шаҳрвандон дар интихоби дин озоданд ва давлат ҳақ надорад, ки ба шаҳрвандон дар риоя кардани анъана ва муқаррароти динӣ маҳдудият ба миён оварад. Ба тарзи дигар гӯем, инсон дар эътиқоди динӣ, виҷдон ва шахсият озод аст.
    Мардуми Тоҷикистон зуҳуроти ифротгароии диниро қабул карда наметавонад. Ақидаи халқ дар қонунгузорӣ ва Конститутсия таҳким ёфтааст. Ин маънои онро дорад, ки мардум аз радикализми давлатӣ, кадоме, ки атеизм аст, халос шуда, радикализми дигар – режими сиёсии диниро қабул карданӣ нест. Андешаи мардум дар моддаи 100 –уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ёфтааст, ки дар он ивазшавии сохти идораи давлат тағйирнопазир эълон гардидааст. Асоси ҳуқуқии мубориза бар зидди ифротгароиро дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм”, ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқи байналмилалӣ, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шудаанд, ташкил медиҳанд. Соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм ” қабул карда шуд, ки мақсади он, пеш аз ҳама, риоя кардан ва ҳимоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини якпорчагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо мақсади пешгирии фаъолияти ифротгароӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, бақайдгирӣ ва фаъолияти созмонҳои ифротгаро ё созмонҳое, ки ба ифротгароӣ мусоидат мекунанд, таблиғоти ифротгароӣ пеш мебаранд, маводи ифротгароӣ паҳн менамянд, манъ карда шудааст.
        Фаҳмиши зарурати дар ҷомеаи Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ муҳим аст. Бояд ба мардум ёрӣ расонид, то ки арзиши ҳуқуқи инсон, фарҳанги ҳуқуқ ва таҳаммулро дарк намоянд, бо ин роҳ мақоми иҷтимоии худро бифаҳманд, муноқиша ва низоъҳоро тавассути роҳҳои ҳуқуқӣ ва ба таври осоишта ҳал карда тавонанд, зеро ҳамаи ин мардумро ба муқобили ифротгароӣ хуб тайёр мекунад. 
Солҳои охир дар мактабҳои олӣ ба ҷараёни корҳои тарбиявӣ  диққат ва аҳамияти бештар дода мешаванд. Зеро тарбия падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ буда, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият хизмат менамояд. Он ҳамчун фаъолияти махсуси мақсадноки инсон барои рушди шахс ва ворид шудани ӯ ба ҷараёни воқеӣ ва бунёди ҳаёти маданӣ равона карда мешавад. Соли  2017 халқи тоҷик 20-умин солгарди  Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд. Ин ҷашн тантанаи нерӯи бегазанду созандаву пешбару тавонои ҷомеа хоҳад буд. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҳдат дар байни халқи тоҷик мартабаю мақом ва аҳамияти бештар пайдо кард. Моҷарою даргириҳое, ки дар Ватанамон солҳои 90-уми асри гузашта ба вуқӯъ пайвастанду боиси ғаму андуҳу маҳрумиятҳо гаштанд, бори дигар аҳамияти ваҳдат ва нақши онро дар ҳаёти осоишта собит сохтанд. Маҳз гаравиши дубора ба ваҳдат дар охири ҳамон солҳо ба халқи мо бахту саодат овард, мамлакатро тинҷу осуда, мардумро хурраму хушрӯзгор сохт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон чандин маротиба аз минбари баланди СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид менамоянд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд. Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа чораҳо андешида истодаанд, аз қабили баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, фаро гирифтани ҷавонон ба варзиш, ташаккул додани мафкураи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ. Ин ҳама чорабиниҳо дар барномаҳои дурнамои тараққиёти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ таҷассум ёфтааст. Тамоми қишрҳои ҷомеа ва хосатан устодону шогирдони  боргоҳи куҳанбунёди илму маърифати ДДТТ ба номи Абуалӣ  ибни  Сино Паёми имсолаи Пешвои миллатро-Паёми ояндаи ободу осудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол номида, тасмим гирифтаем, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳо ва вазифаҳои  гузошташуда барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосир, ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ, тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона намоянд.  
    Сулҳе, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон оварданд, нодиртарин ва қиматтарин неъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин Ваҳдати Миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар баста, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистони азизамонро ғуборолуд созад.
 
М. Қ. Гулзода ректори донишгоҳи ДДТТ
ба номи Абӯалӣ ибни Сино, д.и.т., профессор