Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Шукр, ки ба чунин давраи шукуфоӣ расидем!

Шукр, ки ба чунин давраи шукуфоӣ расидем!

2018-05-16 /  Автор:Editor /  Диданд:107

    Вохӯрии Асосгузори сулҳу вваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар бори дигар исбот намуд, ки мардуми сарбаланди тоҷик дар атрофи давлати қонунии худ торафт зичтар муттаҳид гашта, барои барои ба як давлати пешрафтаву мутараққӣ табдил додани Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳар кадом худро манфиатдор мешуморанд. Пешрафту тараққии бесобиқаи давлати мо на танҳо мардуми шарафманди он, балки ҳатто сиёсатмадорони варзидаи хориҷиро  ба ҳайрат овардааст. Беҳуда набуд, ки дар сафари ба наздикӣ анҷомдодаи худ ба Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко аз  пешрафтҳои чашмрас  ва зебоиҳои кишвар ситоиш карда гуфт: «Мо ба рушди Тоҷикистон ҳамеша бо таваҷҷуҳ менигарем. Ман, алалхусус аз суръате, ки кишвари Шумо пеш меравад шод ҳастам. Ман ҳамеша бо қаноатмандӣ мушоҳида мекунам, ки аз рӯи суръати рушд шумо бар Ҷумҳурии Мардумии Чин бартарият доред. Ин сазовори аҳсант аст».
Афсӯс, ки ин пешрафту тараққиро бегонагон эътироф мекунанду мухолифони давлати мо не. Онҳо вохӯрии навбатии Пешвои миллатро ба таври худ шарҳ дода, гӯё онро такрори гуфтаҳои пешина пиндошта, исбот карданӣ мешаванд, ки Тоҷикистон то ҳол роҳи тараққии худро пайдо накарда истодааст. Дар вохӯрии гузашта Сарвари давлат хотиррасон намуд, ки моҳи ноябри соли равон агрегати аввалини НОБ-и Роғун ба кор дароварда мешавад ва ин дар навбати худ барои пешрафти минбаъдаи давлати тоҷикон ва беҳтаршавии некӯаҳволии мардуми он марҳилаи навро мекушояд. 
Дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеаи кишвар Пешвои миллат вазъи имрӯзаи сиёсии ҷаҳонро бисёр мӯшикофона таҳлил намуда қайд кард:
«Чунин вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мову шуморо водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон – истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем». 
Ана ҳамин таъкиди падаронаи Пешвои миллат ба табъи нозуки мухолифони давлат хуш наомадааст, ки онҳо дар шабакаҳои иғвоангези худ навиштаанд: «Бо таъкид аз ин фоҷеаҳо, ки қисмати зиёди суханронии Эмомалӣ Раҳмонро фаро гирифт, ӯ мисли одат, ки бист сол аст такрор мешавад,  мардумро ба зиракии сиёсӣ ва шукрона даъват кард».
Танҳо  дили сиёҳу пур аз кинаю адоват ба халқи худ доштан лозим аст, ки дар вазъи имрӯзаи ноороми ҷаҳон ба зиракии сиёсӣ даъват намудани ҳамватанони хешро  амали зиёдатию носавоб ҳисобид. Танҳо чашмони кӯру нобино ободкорию созандагиҳои имрӯзаи Ватан ва тенҷию амониии мардуми онро надида, аз шукронаи ин неъматҳои бебаҳо рӯ мегардонанд. Ва хушбахтона, мардуми тоҷик имрӯз ба ҳама воқеоти атрофи хеш бо чашми равшан менигаранд ва ба кӯшишу талошҳои Пешвои хирадманди худ, ки    Тоҷикистони ҳамагӣ бист сол пеш вайронаю валангорро дар муҳлати хеле кӯтоҳ ба як сарзамини тенҷу осоишта ва рӯ ба тараққӣ табдил дод, аз сидқи дил аҳсанту офарин мехонанд. Бигузор ин ба табъи хираи душманони давлату миллати мо хуш наояд, вале мо ҳар лаҳзаву соат  шукрона мекунем, ки бо сарварии Пешвои муаззами худ ба чунин рӯзи саодату хушбахтӣ ва давраи рушду гул-гулшукуфӣ  расидем!
 

Шуъбаи кор бо ҷавони донишгоҳ