Loading...
АСОСӢ
Муовинати тарбия ва фарҳанг

 Диданд: 1299

Муовинати тарбия ва фарҳанг

Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 139,
Тел.: (+992) 44 600-36-77, (+992) 93-421-03-94, e-mail: tarbia@tajmedun.tj

Муовини ректор оид ба тарбия ва фараҳнги донишгоҳ

н.и.т, дотсент Қурбонбекова Парвина Қамчибековна


    Муовинати тарбия ва фарҳанги ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷузъи таркибии сохтори Донишгоҳ маҳсуб  ёфта, фаъолияти худро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба  муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Оиннома»-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва тандурустӣ  фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ МУОВИНАТИ ТАРБИЯ ВА ФАРҲАНГИ ДОНИШГОҲ

I. Татбиқи унсурҳои барномаи Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино:

  •  Тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ ва инсондӯстӣ (гуманистӣ)
  •  Тарбияи маърифати илмӣ- фарҲангии донишҷӯён
  •  Тарбияи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ
  •  Тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ ва ватанпарварӣ
  •  Тарбияи маърифати тарзи ҳаёти солим
  •  Тарбияи зебопарастии донишҷӯён
  •  Тарбияи экологӣ

II.  Амалӣ намудани Нақша-чорабиниҳои донишгоҳӣ:

  • Таъмини иҷрои амалии ҳадафҳои стратегӣ, дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

III.Татбиқ ва амалӣ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

  •  Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд;
  •  Оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо;
  •  Баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа.

 Муовинати тарбия ва фарҳанг дар ҳамоҳанги бо созмонҳои ҷамъиятӣ ҷиаҳти парвариши ҳувияти миллӣ дар донишҷӯён, таблиғу ташвиқи арзишҳои миллӣ, зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, оид ба одобу ахлоқ ва пос доштани маърифати фарҳанги липоспӯшии миллӣ, нисбати баланд бардоштани сатҳу сифати дарсазхудкунӣ ва савияи донишу мафкураи мантиқии эшон,оид ба шомил нашудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ; оид ба эмин нигоҳ доштани амният ва ободии Ватан; эҳтироми Муқаддасоти миллӣ, беолоиш нигоҳ доштани Забони тоҷикӣ ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз нав эҳё намудани урфу одат ва анъаноти арзишманди миллӣ, эҳтироми миллатҳои дигар, омӯхтани санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ таваҷҷуҳи амиқ зоҳир намуда, тибқи нақша як зумра силсила чорабиниҳо ба монанди мизи мудаввар, сӯҳбату вохӯриҳо, барномаҳои махсуси фарҳангӣ – фароғатӣ, варзишӣ, машваратҳо, ҳамоишҳои судманд таҳия ва баргузор менамояд.