Loading...
АСОСӢ
Факултети тиббӣ
 Диданд: 3635

Факултети тиббӣ

Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 139,
Тел.: (+992) 44 600 39 10, (+992) 918 61 28 08, e-mail: tibbi@tajmedun.tj
Декани факултет д.и.т., Муҳаббатов Ҷиёнхон Қурбонович
 
 Таърихи факултет
 
Факултети муолиҷавӣ, аввалин факултаи донишгоҳ. То соли 1958 факултаи ягона буд. Онро Т. В. Сиповский роҳбарӣ мекард. Ӯ ҳамзамон вазифаи мудири кафедраи гистологияи патологӣ ва муовини директории донишгоҳро низ ба ӯҳда дошт. Факулта алҳол 7270 нафар донишҷӯ дорад. Дар факулта ҳамчунин 592 нафар донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил менамоянд (аз Ҳиндустон, Непал, Перу, Эрон, Покистон, Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Сурия, Мавритания, Латвия, Россия, Қазоқистон, Озарбойҷон ва ғайра). Бисёр хатмкардаҳои факулта олимони машҳури ҷумҳурӣ мебошанд: М.Х. Бобохоҷаев, З.П. Хоҷаев, А.Ғ. Ғоибов, М.П. Пӯлодов, Б.П Аҳмадов, Я.А. Раҳимов, А.М. Пӯлодов ва дигарон. Дар байни онҳо академикҳо, ходимони шоистаи илм ва духтурони хизматнишондода низ кам нестанд (Я.А. Раҳимов, Ю.Б. Ҳомидов, М.Б. Холматов ва дигарон). Бисёр дастпарварони факулта дар вазифаҳои баланди ҳукуматӣ кор кардаанд (Я. А. Раҳимов, Г.К. Пӯлодова, Н.Ф. Салимов-вазири тандурустӣ; Х.М. Абдушукурова, Одинамамадов, И.С. Сатторов-муовини вазири тандурустӣ, З.П. Хоҷаев, Ю.Б. Исҳоқӣ-ректори донишгоҳ ва ғайра). Қаҳармони Меҳнати Сотсиалистӣ Р.И. Иброҳимова низ шогирди факултаи муолиҷавӣ мебошад. Соли 1996 факултаҳои муолиҷавӣ ва педиатрӣ муттаҳид ва дар заминаи он факултаи тибби умумӣ ташкил карда шуд. Соли 2005 бинобар ворид кардани тағӣирот ба консепсияи ислоҳоти маълумоти тиббию дорусозӣ факултаи муолиҷавӣ дубора ба фаъолият шурӯъ намуд.

Ба хатмкунандагони ин факултет диплом аз руи тахассуси «Кори табобатӣ» ва ихтисосхои гуногун дода мешавад. Таҳсил дар факултет рӯзона буда, 6-солро дар бар мегирад, ки дар ин муддат донишҷӯён фанҳои гуногунро аз заминавии табиӣ ва тиббӣ - биологӣ, (химии, физики, биологии, анатомии, гистологии, биологической химии, физиология) сар карда инчунин фанҳои тахассусии клиникиро аз қабили офталмология, оториноларингология, бемориҳои ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, акушерӣ ва генекологӣ, асабшиносӣ, беморихои сироятӣ, онкология, фтизиопулмонология, урология ва ғайраро меомӯзанд.
Аз соли аввали таҳсил сар карда донишҷӯёни факултети муолиҷавӣ имконият доранд, ки бо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар ҷамъияти илмии донишҷӯён машғул шаванд. Дар анҷоми курси 6-ум бо хатмкунандагон имтиҳони хатми давлатӣ бо риояи талаботҳои меъёрҳои байналмилалии маълумоти олии тиб гузаронида мешавад.
Сарварии факултетро дар солҳои гуногун Т.В. Сиповский, Б.М. Лядский, Гранов, В.И. Зайтсева, И.Г.Калинечева, Забозлаева, К.Ҳ. Ҳасанов, Б.Р. Раҳматов, С.И. Исҳоқова, А.С. Осимов, П.А. Комилов, М.У. Усмонов, Д.З. Зикирёхоҷаев, М.Қ. Гулов, М.С. Табаров ба ӯҳда доштанд. Декани феълии факултет – доктори илмҳои тиб Ҷ.Қ. Муҳаббатов (аз соли 2016) мебошад.

Кафедраҳо: